Хабарҳо

Хатари ҷиддие, ки имрӯз одаму оламро таҳдид менамояд.

Ҷомеаи имрӯза бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Албатта, онҳое  ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимои он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот дорад. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташакили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарс мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони  бегуноҳ мегардид. Дар охири асри 19 ва 20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террорисӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалёти калони ҷангӣ шабоҳат дорад. Худи истилоҳи “Терроризм” аз калимаи лотини “terror”, маънояш “Тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат  ва ноумедӣ афкандан аст. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесавод мебошад. Экстремизм дар байни ҷавонон назар ба навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Терроризмро бошад  таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаёти муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ ва минтақавӣ меноманд.

Сайдализода Муниса – мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг.