Хабарҳо

Надонистани сарнавишти таърихӣ шахсро ба бегонапарастӣ ва қадр накардани қиммати дастовардҳои миллӣ оварда мерасонад.  

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсиони дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он,барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад,ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ватан канораҷӯи мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти “гӯё динӣ” гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ  ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ бо мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Дар аксари ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.