Хабарҳо

Муқовимат бо терроризм ва гурӯҳҳои  ифротгароӣ

Муносибатҳои байналмилале, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст  ва аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт. Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ   пайдо шуда  бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст ва амалҳои  террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳи адо кардани қарзи бандагӣ дар назди худои муқтадир медонанд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа вобаста ба мавзӯи зикргардида нақша-чорабиниҳои худро тартиб дода, аз ҳисоби занҳои собиқадор, фаъолзанон, занони рӯзгордида гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил намуда, дар тамоми муассисаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ бо сокинони минтақаҳои хизматрасонии худ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида,  оид ба шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон  ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар давлати ба ном исломӣ ИГИЛ, ки  ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд, ки  аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд, қайд намуда, падару модаронро бори дигар таъкид намуданд, ки ба чунин вабои аср бетараф набуда, фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, нагузоранд, ки фирефтаи  гурӯҳҳои тундрав гардиданд ва ба Модар- Ватани худ хиёнат кунанд. Бояд ёдовар шуд, ки  3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсия байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

Бахши кор бо занон ва оила:  Муҳайёи С.