Хабарҳо

Филми ҳуҷҷатии “ХИЁНАТ”  

      Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшидан нахоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин қадамҳои ба истиқлолият расидани худ аз асари фоҷиаи даҳшатангез низ дар канор намонд. Талаботи махсуси хориҷи ва ташкилоту ҳаракатҳои дини террористӣ дар симои саркардагону аъзоёни собиқ ҲНИ тавонистанд гурӯҳи хиёнаткору ватанфурӯшеро пайдо кунанд, ки муқаддасоту ифтихори давлатдории миллӣ барояшон бегона аст. Бо истифода аз ин гурӯҳи беҳувият чандин дафъа кушиданд, ки давлату миллати тоҷикро ба вартаи нобуди кашанд. Ҳарчанд ки муяссарашон нагашт, вале кишварро ба гирдоби ҷанг рӯ ба рӯ сохтанд. Дар тули солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти террористи экстремистии собиқ ҲНИ гунаҳкори аслии ба гирдоби ҷанг кашидани мардуми Тоҷикистон нисбат ба намояндагони миллату давлати тоқик даҳҳо маротиба амалҳои террористӣ, гаравгонгирию сӯи қасдҳо анҷом доданд, ки боиси марги ҳазорон нафар гардиданд.

Гаравгонгирӣ яке аз шаклҳои терроризм буда ҳамчун падидаи даҳшатафканӣ, воҳимапароканӣ ва инсонҳаросӣ маҳз бо разолати ташкилоти террористӣ экстемистии собиқ ҲНИ дар ҷомеаи босуботи  пасо  Шӯравии Тоҷикистон барномарезӣ, созмондиҳӣ амалӣ шуд. Ин абзори ҷангиро барои тарсу ваҳшат одамрабоӣ, зулмпарварӣ ҷой кардани таҳлука дар вуҷуди мардуми сулҳандеши тоҷик истифодаи васеъ ва густурда менамуд. Ин навъи ҷиноят феномони ҷаддид хатарзо ва одамкуш буд, ки бунёди ҷомеаро ба ларза оварда бародарро ба бародар, падарро бо писар ва ҳамсояро аз ҳамсоя машкук ва шӯбҳанок мегардонид. Тоҷике, ки то соли 1990-уми асри гузашта гунҷишкеро намеозурд теғ ба даст гирифту ба сарбуриву бинибурӣ даст зад. Гаравгонгирӣ ба таҷрибаи рӯзмара хушоянд ба як омили оддии ҳаёти террористони ҳизбпарвар табдил ёфт. Аввал вакилу раис, милисаву прокурор, муаллиму духтурро гаравгон мегирифтанд. Дар навбати дуюм ба ҳарили шахсии хонаводаҳо юриш бурда духтарҳои ноболиғ, муйсафедони заиф ва ҳатто маъюбони ноқисулақлро ба гарав мегирифтанду аз дами теғу шамшер мегузаронданд.