Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва умуман дар асри ҳозира на ҳамеша имкони назорат ва табодули андеша муваффақ мешавад. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Инро ҳам ба ибораи дигар метавон зарбаҳои нодурусти психологӣ ҳам номид. Аслан дар ҳолати ноумедӣ ва маъюс қарор додани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда дар наздиктарин фурсат исонро гумроҳ менамоянд. Ҳамин равандро саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ исти истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ месозанд. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигари хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин роҳ қурбон шуд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони назҳати бо номи нав худро муаррифӣ созанд, аммо мақоми мардуми ҳаст, ки “хар ҳамону ҷулу пордумаш нав”. Хоинон ҳамеша ба ранги пул менигаранд на ба аҳволи мардум ва миллати худ. ТЭТ ҲНИ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷорати асту халос. Дар он на аз манфиати динӣ гап мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунанд.
Сабтҳои охирин
ЧОРАБИНИИ СОЛИНАВӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ
Ховалинг: Рӯзи 29-уми соли 2023 дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии дуюми Сари Ғори ҚС КАДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш. Шоҳин ҷойгир аст, чорабинии солинаваӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии солинаваӣ […]
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов
«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд ДУШАНБЕ, 05.05.2020 / AMIT «Ховар» /. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар […]