Дар замони муосир масъалаи ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳони дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала ва воҷеияти тоза ба вуҷуд омада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш таҳаввулот ва сабабҳои пайдо гардидани онҳо пайваста пурра ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Айни замон шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ экстремистӣ ва ифротгарои ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоини миллат ва Ватан ҳисобида мешавад. Ҳар шахсе, ки ба амалҳои бад даст мезанад на танҳо обурӯи хеш ва пайвандонашро, балки дар ҷомеа низ одами пасту бе обурӯ дониста мешавад. Аз ин рӯ мебояд мо дар ҷомеа тавре рафтор намоем намунаи ибрати дигарон ва ифтихори давлати хеш бошем. Мавриди зикр аст,ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баракс ҳиллаву тадбир меандешанд, чи тавр бори дигар миёни мардум ба ғаразҳои касифи худ ноил шаванд. Ҳама гуна афрод метавонад амалҳои зиштро анҷом диҳад, лекин ин гуна хислат одамро соҳиб мансабу обрӯманд намегардонад. Барои пешрафти ҷомеа мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки ба амалҳои бад даст назада ва онҳое ки ба чунин роҳҳо мераванд сади роҳашон шавем, зеро пешравии миллату давлат дар дасти мо шаҳрвандон буда аз амалу рафтори мо вобастагии калон дорад.
Сабтҳои охирин
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем!
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем! Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар амалҳои номатлуб монанди терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои мамную хатарзо, нашъаҷалобию нашъамандӣ қарор дорад. Ба луғат ва истиллоҳот доир ба коррупсия назар афканем, мебинем, ки ин вожаи оқибаташ номатлуб маъноҳои зиёдеро дар худ таҷассум менамояд. Мисол ошонобозӣ (ненотизм), ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ […]
Суханронии Валиев Казокистон. Варшава. САҲА. 17.09.2019с.
Наворо аз инҷо бинед:
Соҳилбандӣ яке аз омилҳои пешгирии офатҳои табии аст
Соҳилбандӣ яке аз омилҳои пешгирии офатҳои табиӣ аст Табиат ҳамеша зебоии худро дорост, вале бо вуҷуди ҳама зебогиҳояш ба худ хусусиятҳои хосеро дорост, ки ҳамзамон ба ҷони махлуқоти дигари худ таъсири манфӣ мерасонад, ки боиси таассуф мегардад. Яке аз он хусусиятҳои, аслан дар мавсими тирамоҳу баҳор ҳангоми боришоти зиёд омадани сел аст, ки он ҳангоми […]