Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст. Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд. Ӯ бештар миёни аҳолӣ гашта, бо ҳаёти халқ бохабар мешуд, арзу шикоятҳоро шунида, мушкилашонро ҳал мекард, аз ягон намуди кор рӯй наметофт. Дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддӣ аз нотарсиву қавииродагии ӯ қоил буданд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҷавонони бо ору номуси кишвар ва умуман тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳем гузошт.
Сабтҳои охирин
Дар даҳсолаҳои охир терроризм оқибатҳои зиёди харобиоварро боқӣ гузоштааст.
Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар […]
Рӯсиёҳ
Вақте ягон одами ғаразнок нисбати шахси дигар ва ё масъалае дурӯғ мегӯяд, аввалин калимае, ки аз забони шунаванда мебарояд, чунин аст: Рӯят сиёҳ дурӯғгӯй. Баъди шунидани баромади ғаразнок, туҳматангез сад дар сад дурӯғи яке аз душманони давлату миллат дар қисмати 14 –уми бо ном “Минбари муҳоҷир” ҳамин калимаи маъмулӣ, ки нисбати чунин шахсони даст аз […]
ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ (Эҳсоси Масъулият Ва Буҳрони Бекифоятӣ)
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023) Марди таърихсоз