Хабарҳо

Бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳар кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот  аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳони таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя карадани Парчами миллӣ  ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. парчам бо сифати рамзи давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлату ба ҳисоб мерафт.

Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод аз Пешдодиён то Сосониён машҳур буд. Баъзе таърихнигорон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чарми Коваи оҳангар донистанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.

Тоҷикистони азизҳам баъди соҳибистиқлол гаштан ба масъалаи парчами миллӣ диққати ҷидди дода, ҷиҳати қабули рамз, нишон ва парчам як қатор тадбирҳо андешид. Бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Минбаъд ҳамасола дар кишвари азизамон 24 – ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад, ки ин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.

Вақте ки парчами давлати соҳибистиқлоли мо дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бардошта мешавад, моро ҳиссиёти волои ватандӯстӣ фаро мегирад. Соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти  Ҷумҳурии  азизамон – Душанбе қомат афрохт, ки ин нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ  дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои  олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.