Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро.
Сабтҳои охирин
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 871, 50 сомонӣ; Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер. Воҳидҳои […]
Иғфогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон Cарфи назар аз он, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби қирғиз, алалхусус баъзе сокинони ғаразноки он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, мунтазам ин созишҳоро қасдан […]
Бо риояи талаботҳои гигенаи шахсӣ коронавирусро маҳв менамоем!
Бо риояи талаботҳои гигенаи шахсӣ коронавирусро маҳв менамоем! Бемории коронавирус бемории сироятист ва манбаи сироят бошад, шахси ба ин беморӣ гирифтор мебошад. Чи тавре ки мардум огоҳӣ доранд аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, сокинони дунёро ба ташвишу истироби […]