Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунон чи истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи нерӯи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарури андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавиашонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад. Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии бозҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақшаи ҳар яки мо дар таъмини кори мунназами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ мебошад.
Сабтҳои охирин
Мы Минск прошли!
Posted on Author khovaling
Республика Беларусь является одним из государств Восточной Европы с численностью населения более 9 450 000 человек, занимает 84-ое место в мире по территории.
ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Хадамоти иҷро ба 140 корманди Беморхонаи №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе 7 тонна орд кумак намуд
Posted on Author khovaling
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 май аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 140 табиб ва ҳамшираҳои шафқати Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов»-и шаҳри Душанбе 7 тонна орд (140 линча) кумак расонида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. «Хадамоти иҷро вобаста […]