Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зеҳни инсони ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки онро бузургтарин кишварҳои олам эътироф карданд. Ин кишвари тамаддунофар бо нуфузи камтар аз 10млн хеш аз хатарҳои сиёсиву мушкилотҳои глабалю умумибашарӣ ҳеҷ вақт канор нест. Дар ин давраи ҳассос бояд зиракии сиёсиро пеша карда шукронаи ҷомаи амал пушидани омолу ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозию давлатдории гузаштагони озодихоҳамонро кунем, ки бо саъю кушиши зиёде ба даст омад ва айни ҳол давлати мустақили миллии хешро дорем. Набояд фаромӯш сохт, ки озоди ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат маҳсуб ёфта саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳию ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону шуҷоатмандони ҷонфидоъ ба даст омадааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки тантанаи адолати таърихи ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, фақат натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгонамон муддати ҳазорсолаҳо идома ёфта дар ибтидои асри 20 шаклу мазмуни нав пайдо намуд ва олимону зиёиёни сарсупурд ва дурандеш набояд аз ёдҳо фаромӯш кард. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки Ваҳдати Миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст барои муборизаи мафкуравӣ ҳоҷиат нест ва барои аксарияти мардуми тоҷик пайрав ва эътиқодманди дини мубини ислом аст. Мутаасифона нафароне ҳастанд, ки аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд. Бо истифода аз ақидаҳои диниву ифротӣ ва дасисабозиҳои одамони хориҷӣ гурӯҳи хиёнаткорон ба сари ин мулоҳиҷаҳои таърих фоҷиаҳои навро ба бод оварданд. Дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда 150 ҳазор ҷавонону мардон кушта шуданд ва 55 ҳазор нафар кӯдакон ятим ва зиёда 28 ҳазор нафар занону модарон бешавҳар монданд. Инчунин зиёда 1млн сокинони кишвар номи гурезаро гирифта ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 10млрд доллари Амрикоӣ барои хисорот ворид гардид ва зарари маънавиро ҳисоб кардан ғайри имкон аст.
Сабтҳои охирин
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм)
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм) Дар толори ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг санаи 17- и марти соли равон, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм) бо иштироки раиси ҷамоат Назаров Миралӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Искандар Бобоназаров, Ҳисайнов Шариф, вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳот ва раисони […]
Дустиву хамдигарфахми, вахдату ягонаги, муборизаест бар зидди терроризму экстремизм .
Ҳар як давлату миллат таърихи хосси худро дошта, фарзандони он аз ин таърих сабақ гирифтаанд. Беҳуда нест, ки бузургону солориён ба ояндагони худ таъкид кардаанд: “ Ҳар нафаре ва ё ҳар миллате, ки аз гузаштаи худ, аз таърихи худ огоҳ набошад ва аз он панд нагирифта бошад, ояндаи худро сохта наметавонад”. Дар тули таърих аксарияти […]
БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ШИНОСОӢ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ-1”
БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ШИНОСОӢ БО РАФТИ ПАРВАРИШИ ЗИРОАТ ДАР КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ «СУРУШ-1»-И НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос […]