Хабарҳо

РӮҲБАЛАНДӢ АЗ ПАЁМ

Ироаи  Паёми навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаландии мо кормандони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро зиёд гардонид. Боиси қаноатмандист, ки дар соли басо душвор ва пурхатари пандемияи бемории сироятии КОВИД-19, ки ба иқтисоди тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон хисороти хеле калон ворид намуд ва садди пешравии  истеҳсолот гардид, меҳнаткашони кишвар бо дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардидаанд. Мо  аз он хурсандем, ки Тоҷикистон дар соли сипаригардидаи 2020 ба як ҳадафи стратегии худ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ноил гардид ва дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда сохтмону азнавсозии роҳҳои байни шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва деҳаю маҳаллаҳо оғоз мегардад, ки ба болоравии сатҳу сифати зисту зиндагии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. Дар Паём нисбати табақаи ниёзманди аҳолӣ – кӯдакони маъюби модарзод, маъюбони гурӯҳи якум, ятимони кул ғамхории навбати зоҳир карда шуд, ки ин аз сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Пешниҳоди Пешвои миллат дар соли 2020 аз рӯи пешгӯиҳо душвори соли 2021 аз андози ягонаи замин озод намудани кишоварзони мамлакат барои деҳқонони ноҳияи мо ҳам, ки асосан зироатҳои ғалладонагӣ истеҳсол менамоянд, саривақтӣ ва фоидабахш мебошад.

Таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба хондани китоб, иштирок дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва озмуни навбатии “Илм фурӯғи маърифат” мо сокинони ноҳияи Ховалингро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ беш аз пеш аҳамият бидиҳем.онҳоро барои дар ин озмунҳо иштирок намудан дастгирӣ ва тайёр намоем. Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати муҳими хело сарнавиштсоз буда, ҳар банди он касро ба ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон – Тоҷикистон руҳбаланд мегардонад. Дар баробари ин Паём як барномаи мукаммал бобати иҷрои нақша ва барномаҳои ҳукумат  дар солҳои минбаъда мебошад. Даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паём ҳар як фарди ватандӯстро барои иҷрои дастуру супоришҳо ҷиҳати сазовору арзанда ва ба туҳфаҳои меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза мебахшад. Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо баъди шунидани Паёми Пешвои миллат тамоми ҷаҳду талоши худро ба он равона менамоянд, ки дастуру супоришҳои аз он баромадаро дар соли 2021 бо пуррагӣ ба иҷро расонанд ва солро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намоянд.

Котиби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо

Аюб Сангиҳмадов.