Хабарҳо

Аз он  қаноатмандам, ки дар Паём ба фаъолияти занону бонувон баҳои арзанда дода шуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳояш ба фаъолияти занону бонувон баҳои арзанда дода, аз меҳнату заҳмате, ки онҳо баҳри гулгулшукуфоии Ватан ва беҳбудии зисту зиндагии мардум ба иҷро мерасонаанд, бо изҳори ҷаноатмандӣ ва минатдорона сухан меронад.   Дар Паёми нав ҳам, ки рӯзи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон ва халқи кишвар ироа гардид, Президенти мамлакт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари занону бонувон баҳои арзанда дод.

Қайд намуд, ки сол то сол сафи занону бонувондар ҳайати хизматчиёни давлатӣ, корҳои роҳбарикунанда, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг зиёд мегардад.  Изҳори он нуқта, ки дар куҷое зан роҳбар аст, дар он ҷо кор хубтару беҳтар ба иҷро расонида мешавад, руҳбаландии ман ва занону бонувони ноҳияро ба вуҷуд овард.

Пешвои миллат дуруст қайд намуд, ки аз ҳама зиёд занону бонувон ба сиёсати созанда, бунёдкорона, инсондӯстона, ятимпарварона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, “Ман то вақте, ки ҳастам дар ҳаққи занону бонувон ғамхори менамоям”, моро барои боз ҳам хубтару беҳтар меҳнат намудан, саҳм гузоштан дар пешрафту  тараққиёти Тоҷикистони азизам ҳавасманду руҳбаланд гардонид.

 

 

Мутахассиси бахши занон ва оила

Ҳотамова Насиба.