Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ чор ҳадафи стратегӣ гузоштааст, ки амалӣ намудани онҳо Тоҷикистонро ба як давлати рӯ ба тараққӣ табдил медиҳад. Боиси қаноатмандист, ки се ҳадафи ба миёнгузошташуда – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳолати иҷро қарор доранд.
Дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор тарафи дунё роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй сохта ба истифода дода шуд.
Сохтмони чандин нерӯгоҳҳо ҷумҳуриро аз камчинии барқ раҳоӣ бахшид. Дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чорум – Саноаткунонии босуръати кишварро ба миён гузошт. Мавриди зикр аст, ки дар баробари дигар иқдомҳои пешгирифтаи роҳбаряти кишвар, саноаткунонии мамлакат аз масъалаҳои хеле муҳим маҳсуб меёбад, ки дар ҳайёт татбиқ намудани он донишу малакаи бузурги фикрию амалии ҷомеаро талаб менамояд. Бинобар ҳамин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 – ро дар ҷумҳурӣ “Бистсолагии омӯзиш, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ дар соҳаи илму маориф”элон намуд.
Рушд бахшидан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзиёт, фанновариҳо, кор бо технологияю таҷҳизоти муосир кафолати расидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбад.
Дар сурати амали гардидан ҳадафи чорум праблемаи рақами яки мамлакат – таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор роҳи ҳалли худро ёфта, Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулот табдил меёбад.
Хушбахтона, ба истиқболи 30 –
Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҳам чандин корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Алакай корхонаҳои истеҳсоли макарон ва коркарди шир ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дур нест, ки бо сохта ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки ба нақша гирифта шуданд, сокинони диёр ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Азизулло Муродов