Лаънаткардаи халқ ҳамонеро меноманд, ки барои манфиати худ, барои қонеъ гардонидани нафси бади худ ба миллати хеш, Ватани худ хиёнат мекунад. Мардумро бехонумон мегардонад. Фарзандро аз модар, падарро аз ҳамсар ҷудо мекунад. Дӯстро душман, қотили ҳамдигар менамояд. Ҳамаи инро мо дар симои саркардагони Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом бо чашмони худ дидем. Аз тамошои силсилафилми “Хиёнат” боз хубтару беҳтар фаҳмидем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин кистанду дар чӣ гуна оила тарбия ёфтаанд. Чи ниятҳои бадеро дар дил мепарваранд. Инҳо бешарафонеанд, ки аз нишонаи мард будан танҳо номи мардона доранду халос. Дар асл онҳо фоҳишаҳоеанд, ки барои қонеъ гардонидани талаботи тану руҳашон ба ҳар роҳ мераванд. Чизе бар забон ояд мегӯянд. Аз тамошои кору рафтори онҳо шарми кас меояд. Одами ба номус баъди ин бешарафӣ зинда мондани худро зарур намедонад. Вале мебинем, ки Кабирию Муҳаммадиқбол аз бешарафию беномусии худ зарае хиҷолат намекашанд. Бар замми ин забондарозӣ карда, худро пуштибонӣ халқ муаррифӣ мекунанд. Бисёр корҳоро ба он рабт медиҳанд, ки гӯё дар натиҷаи талаби онҳо дар кишвар иҷро карда мешавад.
Чунончӣ Муҳиддин Кабирӣ аз якуми феврали соли 2021 ба кор оғоз намудани масҷидҳоро ба талабу масъалагузории худу ҳаммаслаконаш вобаста медонад. Эй, дурӯғгӯй, худ як андеша намо. Оё дар ҷумҳурӣ ақалан як нафаре ҳаст, ки ба суханони бофтаю сохтаи ту бовар кунад. Худат аз об равшантар медонӣ, ки чунин кас нест. Имрӯз аз хурд то калон медонанд, ки туву ҳаммаслакат Муҳаммадиқболи Садриддин бешарафу шармандаи бозори маҳшаред. Сухани шумо қадру қимати харро аз банд раҳо карданро надорад. Рӯи шумо дар ин дунё ҳам сиёҳ ҳасту дар он дунё ҳам. Зеро сухани рост надоред.
Сабаби ба кор оғоз намудани масҷидҳо чораҳои андешидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории коронавирус мебошад. Аз якуми январи соли 2021 дар байни аҳолии мамлакат ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, бинобар ҳамин ба фаъолияти масҷидҳо иҷозат дода шуд. Ин кор ба шумо чӣ рабт дорад? Дар пешгирӣ ва бартараф намудани ин беморӣ ягон ҳисса гузоштед? Ҳиссаи шумо ҳамин буд, ки мардумро ба таҳлука андохтед, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳама аз ин беморӣ талаф меёбад. Чӣ туҳматҳое накардед. Дидед, ки дар Тоҷикистон аз ҳама камтар одамон талаф ёфтанд ва ин беморӣ дар муқоиса ба дигар давлатҳо пештар бартараф карда шуд, танбӯратонро боз дигар хел нохун зада истодаед.
Мо хуб медонем, ки шумо хоинони миллат тинҷию осудагии Тоҷикистон ва мардуми онро намехоҳед. Шумо ҳоло ҳам аз ниятҳои нопокатон барнагаштаед. Мехоҳед боз ҳамон рӯзҳои сиёҳро ба сари мардум биоред. Вале ин дигар номумкин аст, зеро вақте кас як бор дар чоҳ афтод, дуюмбора барои ба он наафтодан ҷойро дида пой мегузорад. Халқи мо дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандие, ки бо дастури хоҷагони хориҷиатон ба сари мардум овардед, мусибатҳои гӯшношунидро аз сар гузарониданд ва аз ба ёд овардани рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта нисбати онҳое, ки ин рӯзи сиёҳро ба сари мардум овардаанд, лаънат мефиристанд. Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин дар ёд доред, ки шумо аз лаънати халқ истисно нестед!
Саидмаҳмудов Исфандиёр мудири шуъбаи кор бо ҷавонон.