Хабарҳо

Терроризм ва зкстремизм ҳамчун вабои аср

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.Терроризм ва экстремизм дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Зеро мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд.Танҳо фарди муғризу иғвогар, нохалафу ватангадо фикрҳои ифротии худро берун аз Ватан ишфо месозаду гурӯҳи нобакор ба монанди Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ онро дастгирӣ менамоянд. Ин ифротиён, ки худ риояи меъёрҳои қонунро то ин дам сарфи назар намуда, ҷиноятҳо содир кардаанд, боз як гумроҳу фиребхӯрдаро дастгирӣ менамояд. Ҳол он, ки ҳар шахсе, ки зидди кишвари худ таблиғоти мебарад, таблиғгари ғайриқонунӣ асту ҳаракатҳои ӯро қонунҳои амалкунанда чун экстремизм маънидод мекунад.

Ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аллакай садҳо чунин нафарони муғризу нобакорро аз байни душманон ошкор кардаасту ононро чун душмани халқ маҳкум намуда аст. Алҳол, ҳар як тоҷикистонӣ дарк намудааст, ки сарзамини ободу ҳаёти осоишта неъмати бебаҳои даврони истиқлолияти давлатӣ мебошаду мардум ҳамеша омодаанд, ки бар зидди нохалафон истодагарӣ намоянд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Муборакшоев Ш.