Хабарҳо

Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террорист эътироф кард

Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террорист эътироф кард

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе нашрияи «Известия» хабар дод.

Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд.

Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҲНИТ ба Суди олии Русия даъво пешниҳод карда буд.

«Суд даъвои Прокуратураи генералии Федератсияи Русияро дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва мамнӯъ намудани фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Русия қонеъ гардонд», — гуфт намояндаи суд ба Интерфакс.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ эълон шуда буд. Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.

ҲНИТ ҳамчунин ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СААД” шомил шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ин созмон. ҲНИТ ба феҳрист таҳти рақами 65 ворид карда шудааст. Ба ин феҳрист ҳамчунин ташкилоти террористии байналмилалӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвонулмуслимин», «Ансоруллоҳ» шомил гардидаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *