Хабарҳо

Терроризм ва экстремизм-масъалаи басо мушкили ќарн.

“Вазъи ноороми ҷаҳони муосир шаҳрвандони кишварро вазифадор месозад, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳамеша муттаҳид сарҷамъ бошанд ва бо заҳмати софдилона кишвари худро боз ҳам неруманд гардонда, насли наврасро дар рӯхияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ тарбия намоянд”. Эмомалӣ Раҳмон

      Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он  дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Оқибати экстремизм терроризм аст. Аҳли ҷомеаи мо бояд як чизро дарк намояд, ки ин ҳарду падида комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро ба вуҷуд оварда, оқибати басо нохуш ва нанговар  доранд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман дар назари ҷомеаи кишвар  бошад – ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати баъзан ҷавонони  аввали қарни бисти як мебошад, ки ин боиси  гаравидани  онҳо ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, зиёдгаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Бинобар ин, вазифаи асосии  мо шаҳрвандон, бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми  волоияти  қонунро ташаккул ва тарбия додан мебошад. Бояд ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати  хеш ВАТАНИ АЗИЗАМОНРО    дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда  амиқ дарк  намоянд. Ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ВАТАНИ  АЗИЗАМОН  тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, бо иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ВАТАНИ ХУДРО  аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Дар қалби насли наврас ва ҷавонон ҳифзу ҳимояи ВАТАН, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби  некиву накӯкориро ҷой намоем.

М. Назарова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *