Хабарҳо

Дустиву хамдигарфахми, вахдату ягонаги, муборизаест бар зидди терроризму экстремизм .

Ҳар як давлату миллат  таърихи  хосси  худро  дошта, фарзандони  он  аз ин таърих сабақ  гирифтаанд. Беҳуда  нест, ки  бузургону солориён ба ояндагони худ таъкид кардаанд: “ Ҳар нафаре ва ё ҳар  миллате, ки  аз  гузаштаи худ, аз  таърихи худ огоҳ  набошад  ва  аз  он  панд нагирифта  бошад,  ояндаи  худро сохта  наметавонад”. Дар тули таърих  аксарияти  миллату  халқҳое, ки  ба ҳамдигар  дусту бародар буданд  ва аз як  гиребон  сар бароварда ба ҳамдигар  муттаҳид  буданд ҳеҷ гоҳ ба шикаст  ру ба ру  нашудаанд. Аммо  он  миллатҳое, ки  пароканда буданду  дар байни онҳо  ватанфурушон  мезистанд ва  аз  баҳри  сарвату мол   ҳамватанони худро  ба аҷнабиён  мефурухтанд тез аз байн рафтанд ва ҳатто   дар таърих қариб ки  номашон  намондааст. Миллати  тоҷик  дар  тули  таърихи худ  борҳо аз  тарафи аҷнабиён  ба  фанои нести рафта, боз эҳё гардидааст. Мо истилои  муғулу мақдуниҳо, араб ва  дигару дигаронро  не, балки анна ҳамин  ҷанги  шаҳрвандии солҳои  навадумро ба ёд  меорем. Дар  хотир  дорем, ки  дар натиҷаи  парокандагӣ,  Кӯлобиву Ғармӣ, Помириву Хуҷандӣ  гуфтанамон  ба  чӣ аҳвол  расидем. Душманони  миллат  тавонистанд, ки дар   як муддати кутоҳ байни  мо  тафриқа  андохта ҷанги  шаҳрвандиро оғоз карданд. Миллати  тоҷик ки  аз  азал созандаву  бунёдкор  буд ва  аз азал хоҳони  сулу ваҳдат тавонист яке аз  фарзандони  сарсупурдаи  миллатро  Пешво  интихоб  кунад. Ва  дар гирди  ин  Пешво ва  бо роҳнамоии ин Пешво  миллатро  аз нести  наҷот  бахшад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки ватани азизи моро алакай гирдоби ҷанги таҳмилӣ ва ё ба таври дигар гуем ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистони шоҳиди  ин буд.  Кишварро хавфи нобудӣ, парокандагӣ, аз байн рафтани миллати тоҷик таҳдид мекард. Мардум ба парокандагиву гуруснагӣ,  нодорӣ ва бечорагиву оворагӣ рӯ ба рӯ омада буданд. Дар ин вазъи нобасомон  табиист, ки роҳбари оқилу доно, ботаҷриба ва ботамкин лозим буд, ки пеши роҳи гуруҳҳои мухолифин ва гуруҳҳои ҷудоиандоз, ки барои онҳо миллату  ватан, модару бародар заррае қадру арзиш надошт, бигирад. Албата, то ҳол ин гуруҳҳои бадхоҳ аз хориҷи кишвар ба ин миллати бузургӣ мо, ва ба ин ҳукумати  созандаву бунёкори мо  санги маломат зада истодаанд ва ҳеҷ гоҳ онҳо ба ин мардуму ба ин миллат нияти нек надоранд. Чунки дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки: Хушнуд машав, душман агар кард муҳаббат, Хандидани ҷаллод зи ширин сухани нест. Ҳамаи мову шумо дар рӯзҳои на чандон дур  шоҳиди боз як бори дигар  ҳилаву найрангӣ ин маккорон гаштем. Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон  бо «фаъолият»-и  ифротгароёни дохилӣ ва дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқуъ пайваст, ба ғайр аз зарару зиёни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷонӣ дигар чизеро ба кишвари мо ба бор наовард. Табиист, ки соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар як вақти кутоҳ (31-сол дар назди таърих ҳеҷ аст) аз будаш зиёдтар барқарор карда шуданд.(хонандаи азиз тасаввур кун, ки дар ин муддат чӣ қадар сохтумонҳои азим, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ва умуман ҳамма ин ободонию созандагиҳоро аз назарат  гузарон, барқарор кардани Артиш, ҳол он ки аз ҳукумати шуравӣ ба мамлакати мо ҳатто як милтиқ ба мерос нагузошта шуда буд ва ҳоказо) Аммо дарду доғи бохтҳои ҷонӣ  ҳаргиз аз ёди миллат фаромӯш намешаванд. Аз  саҳифаҳои гузаштаи таърихи на чандон дури худ мо медонем, ки оғози солҳои навадуми асри гузашта барои тоҷикону тоҷикистониён солҳои бассо ташвишовар ва пурхатар буданд. Алакай душманони миллат тақдири миллати тоҷикро тарҳрези намуда буданд. Бояд ин миллат аз байн мерафт ва сарзамин ба порраҳо байни аҷнабиён тақсим  мешуд. Ва миллати тоҷик чун ғулом ба онҳо хизмат мекард. Чуноне, ки дар  мақолаашон  устоди  гиромӣ, професор  С. Ятимов  қайд кардаанд: “Ҷанги  шаҳрвандии  Тоҷикистони  солҳои  навадум  ҳодисаи   осмонӣ  ва ғайричашмдошт набуд”. Яъне  нақшаи  тарҳрезишуда, омодагигирифтаи  солҳои  тулонӣ  буд,  ки дар ҳолати мувофиқ  хоҷагон  хостанд онро  ба кор  андозанд ва  ҳамин  тавр ҳам шуд. Дар натиҷаи нотифоқию  нофаҳмӣ байни  мардум ва саҳланкориҳои  роҳбарияти ҳамонвақта  руи кор  омада, хуни ҳазорон  бегуноҳ  рехта  шуда  милиардҳо  сомони  ба  буҷети  мамлакат  зарар  омад. Хушбахтона бо хости Аалоҳӣ бузург фарзанди фарзонаи миллат, ки аз ин сиррӣ аҷнабиён огоҳӣ дошт, сарвар  интихоб гардиду ҳамаи ин нақшаҳои хоинони миллатро аз байн бурд. Дар як муддати кутоҳ ба дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Мардум аз кору кирдорҳояш бовари ҳосил карданд, ки ояндаи некро ба онҳо тақдим мекунад.  Баъди сафари кориаш ба ҷумҳурии Афғонистон, ки «ҷон дар кафи даст дошт», аллакай мардум уро дар  қалбашон Пешво хондаву ҳамма умеду орзуҳояшон ба ин марди миллатдӯсту ҷонфидо буд. Соли 1993 баргузор намудани гуфтушунид  бо мухолифини оштинопазир бо мақсади водор намудани онҳо барои даст кашидан аз  муқобиляти мусалаҳона, соли 1994 ба имзо расонидани  шартномаи оташбас аз авалин корҳои наҷотбахшии миллат ва аввалин ниятҳои неки Пешвои муаззами миллат буд, ки ба мақсад ноил гардид. Аҳли диёр тамоми тоҷикону Тоҷикистониён ва ҳатто  тамоми мардуми дунё барои ин кирдорҳо ба ӯ офарин мехонданд. Ҳамин буд, ки дар дилу дидаи миллати тоҷик   иродаи қавӣ ва сиёсӣ пайдо шуда амалишавии умеду орзуҳои деринаи худро дар симмои ин марди худодод медиданд.  Алакай моҳи нобри соли 1994 мардуми тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллати хеш унвони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат –ро дар қалбашон дода буданд. Дар ин давраи бассо мушкил  бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон 21  маротиба  музокирот байни гуруҳҳои ҳукумати ва мухолифин анҷом дода шуд, ки 40 санади таърихи ба имзо расонида шуд. Саннаи 27 –уми июни соли 1997  сарвари давлати тоҷикон, Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон  баъди ҷангҳои бемаънии таҳмилии шаҳрвандии бародаркуш дар натиҷаи музокироти хеле душвору пурхатар ба ин ихтилофоти нанговар хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро  дар шаҳри Масква  ба имзо расонид. Ва бо ҳамин пирузии миллати  тоҷикро бар душманони миллат, ба экстеремистону  террористони дохили  ҷумҳурӣ ва оғози корҳои созандагию ободонӣ, бо ҳам омадани миллати тоҷикро, якдигарфаҳмии тоҷикони тамоми дунёро, созандаю офаранда будани миллати тоҷикро, аз авлодони Курушу Спитамен, Сомониву Рудакӣ ва билохира таърихи милионҳо солаи тоҷикро ба тамоми дунё муаррифӣ намуд.   Ин Ваҳдате, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мо мардуми тоҷик овардааст, гиромӣ медорем бо иродаи қавӣ ин Ваҳдатро пос медорем, боз бо ҳамдигар муттаҳидтар мешавем ва намегӯзорем, ки ягон нохалафе чӣ аҷнабӣ бошад ва ё чӣ тоҷики палиди фурухташуда ва ё гуруҳҳои экстремисту  террористӣ ба ин ваҳдату дустӣ, ба ин ободиву осоиштагии мо халал ворид намояд.     Тоҷикистон ба пеш!.

Назарзода М. Б.