Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлатию љамъиятиро сафарбар менамояд. Яке аз мушкилотҳое, ки имрӯзњо тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад.Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористї ва экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, халқиятҳои гуногуни сайёраро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зиддӣ ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд ,ки дар натиљаи ин амали террористї мардуми зиёде ҷони худро аз даст медиҳанд ва ин хокпоши ба он хотир аст, ки давлатҳои мусалмониро бадном карда, ҳисии бадбинӣ ва хашму ғазабро дар чашми давлтањои ғайри мусалмони ба вуҷуд оранд, ки ин зарарест барои пешрафт ва тарақиёти давлатҳои исломи. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 1 моддаи 8-и конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон њаёти љамъиятї дар асоси равияњои гуногуни сиёси ва мафкурави инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои дини аз давлат ҳудо буда, ба корҳои давлати мудохила карда наметавонанд»
Агар мо ба саифаҳои таърих нигоҳ кунем аксарияти қурбониҳои гуруҳҳои террористӣ ҷавонон мебошад. Аз ин рў мебояд, ки ҷавонони мо чихеле, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд «Ҳеҷ вақт зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед» .
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.
Тераризм аз калимаи лотинии «терор-terror» гирифта шуда, маънояш тарсонидани ашолӣ, несту нобуд сохтани иншоотњои давлатӣ, бо зури ғасби ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. «Таррор» дар фарҳанги забони тоҷикї ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои «ҳилагар, маккор, айёр» оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.
Хамаи инро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707,» «Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст», қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд..
Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Чунонки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмаъаи умумии СММ,яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мегуянд террорист ватану миллат ва дин надорад яъне террарист ҳудуд надорад, марз надорад ва метавонад аз дилхоњҳмамлакати дунё бошад аз инљо пайдост, ки давлатҳои мусалмони ин давлатҳои террористи набуда танҳо бо роҳи бозии гуруҳои террористи бадному бадгумонанд.
Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Ҷаноби Олӣ мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки сарҳаъмона бар зиди ин зуҳуроти номатлуби аср ки инро вабойи аср меноманд мубориза намуда фарзандон ва аҳлу оилаи худро дар руҳияи ватандусти, таҳкими сулҳу суботи давлати, тарбия намуда ба онҳо пос доштани муҳадасоти давлати, дуст доштани ватан модар ва ҳар як қатраи обу хоки ватан тарбият намоем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем.
Исмоилзода Комёб мутахассиси пебари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳои раиси ноҳияи Ховалинг.