Имрӯзҳо дар шабакаҳои YOUTUBE (Ютуб), FACEBOOK (фейсбук) ва дигар намуди шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои гурӯҳҳои террористю экстримистӣ фаъол гашта, дар як шабонарӯз чандин ҷавоноро гумроҳ менамоянд. Аз ҷумла: гурӯҳҳои “ал-Қоида”, “Ҳаракати Толибон”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “гурӯҳи 24” фаъол буда, ҳамарӯза дар шабакаҳои саросари интернет машғул ба таблиғу ташвиқ буда, роҳҳои заифии ҷавоноро думбол намуда онҳоро ба доми худ меафтонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, пайваста дар ин самт ҷораҳои зарури андешида мешавад. Тоҷикистон яке аз шарикони асосии созмонҳои ҷаҳонӣ буда, дар ин мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пешниҳодҳои мухталифро ба анҷом расонида, аст. Тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт пурзӯр гашта, пайваста дар ин мубориза шарик мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”. Новобаста аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикисто пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Истиқлолияти худро 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овардааст. то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад. Яке аз сабаҳои ворид шудани ҷавонон ба ин гурӯҳои террористӣ надоштани дониши кофи нисбати дини ислом ва нодуруст фаҳмидани оятҳои Қурони Карим, кам будани дониш, тарзи нодуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.. Тайи солҳои охир ҷавононе низ ёфт ва мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ки ба ягон шароити зиндагӣ муҳтоҷ нестанд ворид гардиданд. Хулоса мо ҷавонон набояд фирефтаи ваъдаҳои беасоси гурӯҳҳои террористӣ гашта, ба давлати азизамон ки бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зебо гашта, номи худро дар ҷаҳон муарифи намудааст, нагузорем, ки обурӯю этибори давлатамонро лакадор бисозанд ва ҷовононе, ки ба ин роҳ мехоҳанд ворид гарданд онҳоро дар якҷоягӣ ба сӯи ватандӯстию ватанпарастӣ ҷалб намоем. Мубориза бар зидди гурӯҳои терористю экстриместӣ вазифаи ҳар як фарди Тоикистони мебошад. Эшонзода Сайволиддин. Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
THINKING OUT LOUD (outlines for a psychological portrait)
I will tell you without malicious intent i.e. open without embellishment. I don’t know about you, but when I read the publications of “Sh. G” it seems to me that I know the content of what they, our fugitives, wrote about the whole night.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон […]
Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд.