Дар таърихи 26 –уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг (даъвати шашум) баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосия ба ғайр аз вакилон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақмотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон ширкат дошт.
Иҷлосия аз рӯи масъалаҳои зерин:
-дар бораи тасдиқи таъйин намудани Мирзозода Музаффар Бурҳон ба вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг;
-ҳисоботи раиси ноҳия оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2023;
-дар бораи тағйирот даровардан ба қисми хароҷоти буҷҷети маҳаллии ноҳия, дар соли 2023, иҷрои буҷҷети маҳаллӣ дар соли 2022 ва тасдиқи буҷҷет барои соли 2024;
-дар бораи тасдиқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2023;
-дар бораи қарори раиси Ҷамоати шаҳраки Ховалинг аз 29.09.2023, таҳти рақами 109 “Дар боари номугзорӣ намудани Гимназияи давлатии ноҳияи Ховалинг ба номи Мирзоев Зафархо”
-дар бораи тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия, кори худро ба роҳ монда, вакилон аз рӯи ин масъалаҳо баромад намуда, ба музокира баромаданд.
Дар охир иҷлосия аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.