Хабарҳо

Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд – хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро  ба кудакони  ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуд дар марказӣ тавонбахшии “Ғунча”  пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг қарор доранд.

Дар ин раванд туҳфаҳои омоданамудаи  Пешвои муаззами миллат ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва МИҲД ноҳияи Ховалинг  дар рӯзҳои охири соли 2023 ва фарорасии соли нави мелодии 2024 ба зиёда аз 35- нафар аз ҷумлаи ятимони кул, маъюбон, шахсони яккаву танҳо тақдим карда шуд.

  Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба сухан баромада тамоми тарбиятгирандагонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта,  ба онҳо  руҳияи баланди инсондустиро ҳадя нумуд.

 Дар охир барои бошандагону тарбиятгирандагони марказӣ тавонбахшии “Ғунча”   дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *