вокуниш Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ифротгароёну ҷангҷӯён ба ҳар роҳу равиш фаъолияти худро идома дода, пайи ноором сохтани давлатҳои амну осоишта мебошанд. Воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногун ба вуқуъ мепайванданд, аз қабили куштор, таркиш, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши ғайриқонуни силоҳ, савдои одамон, фаҳшу фоҳишагӣ, тарғиби фарҳанги бегона ва ғайраҳо, ки саркардаи ҳамаи инҳо сардорону хоҷагони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошанд.
Барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб мо бояд пеш аз ҳама ҳушёру зирак бошем. Талаботҳои қонунҳои амалкунандаро дар кишвар пурра иҷо намоем. Хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” моро вазифадор менамояд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти бештар дарк намоем. Шароити хондану таҳсил намудани онҳоро пурра таъмин созем, то аз рӯи дониши мукаммал надоштан фирефтаи чунин гурӯҳҳо нагарданд. Нафароне, ки бештар шомили чунин гурӯҳҳо мегарданд ҷавонони ноогоҳ ва камсавод, шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигарон мебошанд. Ифротгароён барои зиёд намудани сафи худ ҷавононро бо суханҳо ва ваъдаҳои пучу хом даъват намуда, шомили худ мегардонанд.
Барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздикон аз доми ин гуна гурӯҳҳо бояд ҳар як нафар, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ мафҳумҳои экстремизм, терроризм, террорист ва савдои одамонро хуб донанд ва нисбат ба фаъолияту мақсаду ҳадафҳои онҳо маълумот дошта бошанд. Бояд огоҳ бошанд, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо аз ноором сохтани ҷомеа, дигаргунсозии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва миллатгароӣ, зуроварӣ, таҳдид, хавфи ҳалокати одамон ва ғайра иборат аст.
Иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” назди мо вазифа гузоштааст, то ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ин васила буҷаи оиларо ғанӣ гардонем. Вақте, ки буҷаи оила ғанӣ бошад фарзандони мо дорои ҳама шароитҳо мегарданд ва эҳтиёҷ ба пулу моли хоинони миллат ва роҳ пеш гирифтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ надоранд. Аксарияти ҷавонони мо дар муҳоҷират ба фиребу найрангҳои террористону ҷангҷӯён дода мешаванд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ҳама талаботҳои қонунҳои ҷорӣ истифода намуда, баҳри дурахшон намудани ояндаи фарзандон талош варзем. Нагузорем, ки ифротгароёну хоинони миллат бо фиребу дасисаҳои иғвогарононаи худ фарзандони моро а сӯи марг кашанд ва дар дили модари тоҷик доғ гузоранд. Кӯшиш намоем, ки ҳамеша атрофи Сарвари муаззами миллатмон сарҷамъ бошем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Рауфзода С. Т.,муовини якуми раиси ноҳияи Ховалинг
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг.