Аксҳо Изҳороти расмӣ Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН АМРУДИН БА МУНОСИБАТИ 31-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ҳамватанони азиз!

   Имрӯз дар саросари мамлакат 31- солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида истодааст. Шумо ва дар симои Шумо мардуми шарифи Ватанро ва хусусан волидайни афсару сарбозони дар хизмати Ватан бударо табрику таҳният гуфта, саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно менамоям.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва миллату давлат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ҷавонони имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми соҳаҳои иқтисодии миллии мамлакат, инчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссаи назаррас мегӯзоранд.

Ҳозирини гиромӣ!, тавре ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон заминаи моддиву техники меросӣ аз даврони шуравӣ, дар шароити ниҳоят ванини зуҳури бесарусомониҳо ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-феврали соли 1993 ташкил ёфт.

Имрӯз ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 31- сол, ки дар назди таърихи куҳан лаҳзае беш нест, дар  роҳи ҳифзу мустаҳкам намудани рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибонӣ аз сулҳу осоиш ва амният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тақвият бахшидан ба музаффариятҳои аввалини даврони соҳибистиқлолӣ,  хизмати беназир намудааст.

    Таъмини иқтидори мудофиавии кишвар, таъминоти моддию техники Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимои хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.                                  

Дар шароити имрӯза, ки даврони босуръати тараққиёти илму техника ва технологияи навтарини электронӣ мебошад, зарурияти густариши ҳамкорию ҳамгироии низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик рӯз аз рӯз афзуда истодааст, бинобар ин, иштирок дар машқҳои муштараки фармондеҳию ситодӣ, талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ ба кадрҳои баланд ихтисосу дорои маҳорату малакаи хуби касбӣ ва забон дону аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта,  дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст».

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд бештар ба ҷавонон дарси ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ ва одобу ахлоқ омӯзонем Онҳоро ҳаматарафа ба хизмати Модар – Ватан омода созем.  Аз он сарфарозу ифтихормандам, ки ҳамасола фарзандони бонангу номуси ноҳия дар ду давра ба сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон даъватшуда, бо сари баланд хизмати Модар Ватанро баҷо меоранд. Корнамоиҳои фарзандони шуҷоъу далер дар корзори ҳарбӣ оғоз аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ то барқароркунии сохти конститутсионӣ, аз ноҳия низ кам нестанд. Дар тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии насли наврас саҳми ҷанговарони башардӯсти ноҳия назаррас  буда, сазовори таҳсин мебошанд. Хизматҳои садоқатмандонаи  онҳо ва кору рафторашон намунаи ибрати ҷавонону наврасони имрӯзи ноҳия мебошад.        Ҳамдиёрони азиз! Ҳар яки мову Шумо маҳз бо шарофати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоки муқаддаси Ватан, бе ягон хавфу хатар, дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ  карда,  сол аз сол Ватанамонро ободу зебо мегардонем.

Ҳар як шахси бонангу номус бояд дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин нишони садоқат ба давлату миллат буда, дар пос доштани арзишҳои умуми миллӣ зоҳир мегардад.   

Боварӣ дорам, ки мову Шумо нангу номӯси ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум ва хизматҳои садоқатмандона ба Ватанро, ки аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.                                        

Ҳамзамон дар баробари иҷрои вазифаҳои худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат бахшида, ҷашну санаҳои муқаддаси таърихиву миллиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва сазовору арзанда пешвоз мегирем. 

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар Шуморо ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно дорам.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак,

Ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *