Ҳафтаи сипаригардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухидин Амурдин ва дигар масъулини ҳукумати ноҳия ба Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и қисми ҳарбии 0308 ва Дидбонгоҳи 2-юми «25 Қаҳрамон»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.
Аснои шиносоӣ муҳтарам Набизода Фаррухидин Амурдин бо сарбозони қисмҳои низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.
Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.
Сарбозон дар навбати худ ба масъулини ҳукумати ноҳия барои ғамхории доимиашон нисбат ба ин қисмҳои низомӣ, миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси ноҳия ва ҳамроҳонаш зимни шиносоӣ бо дигар имкониятҳои қисми низомӣ аз ошхона ва шаҳраки қаровулӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимии муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои дарсӣ, маҷмааи варзишӣ иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обутоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шӯстани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон аз наздик ошно гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили биноҳои мазкур, пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳудуд ва гирду атрофи қисми низомӣ бошад, бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки зимни ин ташриф барои сарбозону афсарони ин қисмҳои низомӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи беш аз нуҳ ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, баҳри хушнудӣ ва болидаруҳии сарбозону афсарон аз ҷониби мутрибону навозандагони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои дилнишини рақсӣ пешкаш карда шуд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсии ин қисмҳои низомӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси нохия мухтарам Набизода Фаррухидин Амурдин бо ҳайати шахсӣ хайрухуш намуда, озими ноҳияи Ховалинг гардиданд.