Хабарҳо

НИСБАТ БА ҲАРЗАГӮИИ АҲМАД ФИРӮЗ  ВА ҲАММАСЛАКОНАШ НАФРАТИ БЕПОЁН ДОРЕМ

Сухангӯиҳои як-ду нафар бо ном мулло, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд мо мардуми тоҷикро нигарон намудааст ва нисбати чунин бадғаразону бадхоҳони амну осоиштаги нафрат дорем.

Як-ду нафари бо ном домуллою мавлавӣ аз Афғонистон сар бароварда, ҷавонони кишвари моро ба ҷиҳод даъват карда истодаанд, ки ин яқинан маълум аст, ки онҳо аз минбари худ, аз дини мубини Ислом ва аз вазъи замон сӯйистифода бурда, кишвари моро ба нобасомониҳо тела додан мехоҳанд. Агар он “мулло”-ҳо ин қадар ҳақбину ҳақталаб ҳастанд, чаро барои ҳаққу ҳуқуқи мардуми худ даъво намекунанд? Барои мо мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик, ки зери сиёсати сулҳҷуёнаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатамон дар ҳавои сулҳу суббот ва оромиву озодӣ фаъолият намуда истодаем, тавсия ва маслиҳати ягон нафар «домулло» ва «мавлавӣ» лозим нест.

Аҳмад Фирӯз агар он қадар дилсӯз бошад ва  мақсадаш раҳм хӯрдан ба мардум, дилаш ба мардуми афғон сӯзад ва онҳоро аз зери азобу шиканҷаи силоҳбадастон халос кунад. Дар кишвари  афғон чи гунна диндорӣ аст, ки дар масҷид бо силоҳ менишинанд ва мардум бошад аз тарси шалоқ ва силоҳ ба масҷид мераванд.

Аз дилхоҳ маҳаллаи Тоҷикистон дидан намоем, шоҳиди ҳол мегардем, ки сокинон озодона ба масҷид рафта тоату ибодат менамоянд ва баъди тоату ибодат боз ба корҳои хоҷгаидориву давлатдорӣ саргарм шуда, сулҳи бо ҳазор заҳмату кушиш ба дастовардаашонро ҳифз менамоянд. Мардуми тоҷик дигар намехоҳанд, ки фирефтаи  гурӯҳҳои  мансабталабу  пулпараст шаванд.

Имрӯз дар Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиндагии шоистаи аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишвари дар ҳоли нобудиро аз нав зинда намуда, мамлакатро дар тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии мардум пешрафта сохт. Инро тамоми мардуми тоҷик эътироф мекунанд. Аммо имрӯз як-ду нохалафи бо ном “домулло”-ву “мавлавӣ” нисбати Сарвари кишвари мо носазо мегӯянд.

Агар ин қадар ҳақбин мешуданд, мардуми худашон бар зидди худашон вокуниш намекарданду пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллати мо наменамуданд. Онҳо орзу мекунанд, ки ба мисли фарзонамарди миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ дошта бошанд.

Эътимоди комил дорам, ки ҷавонону сокинони Тоҷикистони маҳбубамон фирефтаи суханони бофтаву сафсатаи бадхоҳони миллат нашуда, ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳу суботи кишвар дифоъ мекунанд. Зеро ҷавонони тоҷик боварӣ доранд, ки ин бадандешон, ки худро домуллову мавлавӣ унвон додаанд зархаридони кадом як бадхоҳон ҳастанд, ки оромиву суботи кишвари моро дида натавониста  истодаанд.

Мо ягон сухани онҳоро қабул надорем ва нисбат ба  ҳарзагӯии онҳо нафрати бепоён дорем.

Асадуллозода В. Д.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *