Аёдати маъюбон ва шахсони барҷомонда яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Бо дастгирӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг шахсони имконияташон маҳдуд ва барҷомонда пайваста аз ҷониби роҳбарияти ноҳия мавриди ғамхорӣ қарор мегиранд.
Ин навбат раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Ф.А. аз ҳолу аҳволи як нафар бемор сокини ноҳия Раҳмонов Кенҷа, ки тули 30 сол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият намудаасту дар рушду пешрафти ноҳия саҳми арзанда гузоштааст, хабар гирифт.
Набизода Фаррухиддин зимни аёдати бемор зикр намуд, ки мусоидат ба ҳууқҳои маъюбону беморон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии иҷтимоии ин қишри ҷомеа дар меҳвари стиёсати роҳбарияти ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо вазифадорем, ки пайваста аз аҳволи онҳо бо хабар бошем. Дар ҳаминҷо ба масъулин супориш дода шуд, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба оилаи шахси бемор кумакҳои лозимаро расонанд.