Санаи 27 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳияи Ховалинг вохӯрии и.в раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаю кӯчаҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯри Набизода Фаррухиддин баромад намуда, қайд намуданд, ки бояд ҳар яки мо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро дар рушду тараққиёти ноҳия, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, ҳамзамон таъмини волоияти қонун, суботу оромии ҷомеа, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ ва сари вақт анҷом додани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорем.
Ҳамчунин, доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагии ноҳия ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.