Баъди ифтитоҳи чорабинӣ И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин баромад намуда, қайд кард, ки бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои Ватан ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал артиш Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун сипари боэътимоди миллату давлат дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Инчунин, ӯ қайд кард, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беҳтар шудани шароит дар қисмҳои ҳарбии мамлакат ин сабаби ба хизмати ҳарбӣ майл кардани ҷавонон гашта истодааст. Дар охири суханронӣ Набизода Фаррухиддин миннатдории хешро ба он оилаҳое, ки фарзандонашонро ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд расонид.
Инчунин, аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор даъватшавандагоне, ки курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ ва кафшергариро дар мактаби автомобилии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофия ва Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия хатм намуда буданд шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва кафшергари барқӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми маърака баҳри болидахотирии даъватшавандагон ва иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.