Таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳияи Ховалинг санаи 5 ноябр бо шукуҳу шаҳомати махсус ва омодагиҳои ҳамаҷониба баргузор карда шуд.
Дар толори қасри фарҳанги ноҳия нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои раиси ноҳия, коллективҳои кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро ба ин Рӯзи муқаддасу таърихӣ-яъне 30-юмин согарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳният гуфта, бори дигар зарурияти қабули ин санади муҳиму тақдирсози миллат ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба таври пурра шарҳ дод.
Ҳамин тавр, ёрдамчии Прокурори ноҳия Давлат Тағоев ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Назарова Қурбонгул баромад намуда, аз таърих пайдоиш ва арзиши олӣ доштани Конститутсия, инчунин оиди эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30 соли ҳуҷҷати тақдирсоз, меъёрҳои Конститутсия таҷассцмгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба коллективи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия барои хизматҳои арзанда Сипосномаи Раиси ноҳияи Ховалинг тақдим гардид.
Инчунин ба шоир, корманди Рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» Ибодуллоҳи Солеҳ, ки бо пешнињоди Акедемияи Байналмилалии адабиёт, фарњанг, санъат ва илмҳои иҷтимоӣ барои саҳми босазояш дар рушду ташаккули адабиёти ҷањёҳон ва дипломатияи мардумӣ бо медали тилои МСНД сарфароз гардида буд аз ҷониби раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар охир аз номи ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Ф.А. Ифтихорнома ва ордени «Ситораи сурх» тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилошуб, рақсҳои ҷаззоби худ хотири аҳли нишаст ва ҳаводорони савту сурудро болида гардониданд.
Чорабинӣ дар қалби ҳар як иштирокчӣ хотирмон буд.