Тайи чанд соли охир дар кишвар соҳаи соҳибкорӣ рӯ ба рушд ниҳода, соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, дастгирии пайвастаи ҳама қишрҳои ҷомеа ва афзун кардани бозори истеъмолӣ саҳми арзанда доранд.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат имрӯзҳо соҳибкорони бо нангу ори кишвар дар рушду пешрафт, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ховалинг пайваста аз тарафи соҳибкорони маҳаллию ватанӣ ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Имрӯз низ, аз ҷониби яке аз соҳибкори муваффақи ватанӣ ба 20 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд дар МТМУ рақами 1- ноҳияи Ховалинг пойафзоли замистона тақдим гардид, ки ин ҳама дастгириҳо гувоҳи гуфтаҳои болост.