Санаи 28 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бинои “Меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-и ноҳияи Ховалинг ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия-гуруҳи идоракунии сатҳи сиёсӣ баргузор гардид.
Аъзоёни гуруҳи кориро дар назди даромадгоҳи меҳмонхона И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин, сардори ШВКД дар ноҳия Амрдинзода Ҷумахон ва дигар масъулини ноҳия пазироӣ намуданд.
Дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизулло барои мусоидат ва дастгирии ислоҳоти милитсия ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба сафирони фавқулодда ва мухтори ШМА, Германия, Франсия, Комиссияи Аврупо ва намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳори сипос намуда, зикр кард, ки «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона намуда, тамоми тадбирҳоро бар зидди таҳдидҳои муосир меандешад.
Дар идома иштирокдорони ҳамоиш як-як вобаста ба масъалаҳои дар миён гузошта ибрози андеша намуданд.
Баъди анҷоми ҳамоиш И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин меҳмононро барои ташрифашон ба ноҳияи Ховалинг хайрамақдам намуда, ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ бар ҳар яки онҳо туҳфаҳои омоданамудаи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалингро тақдим намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки ҳайати меҳмонону иштирокчиён зери роҳбаладии директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия адиб, журналист, бостоншинос Сайид Амирхони Мункӣ аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Ховалинг дидан намуда, ба таърихи беш аз 800 ҳазорсолаи Ховалинги бостонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ардашер Исломов