Ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он ин пеш аз ҳама мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти ин қишри ҷомеа мебошад.
Ба инсонҳои муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз кардан, аз аҳволи онҳо пурсон шудан, аз савобтарини савобҳост.
Санаи 3 декабр бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Маркази тавонбахшии рӯзонаи “Ғунча”-и ноҳияи Ховалинг чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷо ба тарбиятгирандагони ин муассиса аз ҷониби и.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин ва намояндаи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 адад аробачаҳои маъюбӣ ва туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Инчунин баҳри хушҳолии онҳо дастурхони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.