Аксҳо Раиси ноҳия Фарҳанг Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДАБА 28 – СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги МИҲД ноҳияи Ховалинг бо иштироки раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони касбу кори гуногун, фаъолон ва дигар шахсони расмӣ бахшида ба 28 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ровӣ А. Исломов кушода, суханро ба раиси ноҳия супорид. Раиси ноҳия ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ самимона шодбош гуфта, доир ба таърих ва арзиши олӣ доштани ин Рӯзи фаромӯшнашаванда муфассал ҳарф зад.
Дар идомаи чорабинӣ ба раиси ноҳия ва фаъолони соҳаҳои гуногун барои фаъолияти назаррас ва дастгирии соҳаи матбуот аз ҷониби роҳбарияти Агентии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бахшида ба Рузи Ваҳдати миллӣ Сипосномаҳо тақдим гардид.
Дар охир ба як қатор хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия барои иштирок дар озмунҳои даври вилоятию ҷумҳуриявӣ ва сазовори ҷойҳои дуюму сеюм инчунин ҷойҳои ифтихорӣ гаштанашон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои пулии МИҲД ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати охири чорабиниро ҳунарнамоии кормандони бахши фарҳанги ноҳия зиннат бахшида, ба чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуд.
зиннат бахшида, ба чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *