Аксҳо Раиси ноҳия Роҳбарони сохтори давлатӣ Хабарҳо

БАРОМАДИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, НАБИЗОДА Ф.А. БАХШИДА БА 28- СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Возможно, это изображение 2 человека
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки миллати сарбаланди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи мо низ дар фазои орому осоишта, бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати мамлакат бо сарварии хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати Миллиро бо тантана таҷлил менамоянд.
Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати 28-умин солгарди рӯзи баимзорасии созишномаи сулҳ ва Ваҳдати комили миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, сулҳу дӯстӣ ва осмони софу ваҳдати пойдорро таманно дорам.
Ваҳдати миллӣ ва баҳамоии тоҷикон аз фарҳангу хиради азалӣва сулҳпарварони ин миллат гувоҳӣ дода, аз муқаддастарин арзишҳое мебошад, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст.
Таърихи начандон тулонии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барои ҳар яки мо рӯшан аст, бояд барои наслҳои имрӯзу оянда сабақи пандомӯз ва дарси ибрат бошад.
Ин нуқтаро Сарвари давлат доимо дар аксар суханрониҳояшон иброз медоранд.
Ҳамаамон хуб медонем, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷомеа нооромиҳои сиёсӣ ва кашмакашиҳои дохилӣ авҷ гирифта, ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои мухталиф бо қувваҳои дохиливу хориҷӣ ташкил карда шуданд. Онҳо барои ба сари қудрат омадан аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ истифода карда, байни мардум иғво ангехтанд. Вазъиятро вазнину ноором гардонида, аз ин ба нафъи хеш истифода карданӣ шуданд.
Ноустувории ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу суббот ва парокандагии қувваҳои зеҳнии миллат ба он оварда расонд, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт. Нофаҳмиҳо мардуми минтақаҳои гуногуни кишварро мухолифи ҳам бархезонда, хонаву манзилҳоро сӯхта валангор, кӯдакони зиёдро ятиму бепарастор ва оилаҳоро бесарпаноҳ намуд.
Мамлакат харобу ноором гашта, ба буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шуд. Зиёда аз як миллион мардуми мо аз Ватан берун, дар мамлакатҳои ҳамсоя гуреза шуда, ба хориву зорӣ рӯз мегузарониданд. Эҳсоси хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷик рӯз аз рӯз меафзуд.
Бо бахти баланду иқболи азалии миллати тоҷик дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваҳои солимфикри ҷомеа сари мизи машварат нишаста, оташи ҷанги шахрвандиро хомӯш намуданд. Дар ин иҷлосия фарзанди барӯманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад.
Аввалин чораҳои андешидаи вай ором сохтани ҷомеа ва баргардонидани гурезагон ба Ватан буд, ки бо ғайрати дучанд ва сайъи беандоза дар муддати кӯтоҳ амалӣ гаштанд.
Раиси Шӯрои Олии онвақтаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати миллӣ асос гузошт ва халқи азияткашидаи тоҷикро аз вартаи нестӣ раҳонид.
Дар таърихи давлати навтаъсиси Тоҷикистон аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ Конститутсия ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ягонаи пешрафту тараққиёти кишварро дар ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва сулҳу дӯстӣ медид ва барои муттаҳид намудани тарафҳои муқобил Комиссияи оштии Миллӣ таъсис дода шуд.
Сулҳи миёни тоҷикон, ки онро аксар давлатҳои дунё намунаи беҳтарини сулҳофарӣ омӯхта истодаанд, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Аввалин музокироти ҳайати Комиссияи оштии Миллӣ бо мухолифин 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва бо мусоидати Созмони Миллали Муттаҳид, бо мушкилиҳои хеле зиёд шурӯъ гардид. Ҳамин тариқ, давраҳои минбаъдаи музокироти сулҳи миёни тоҷикон зина ба зина дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Ашқобод, Алмаато, Бишкек, Машҳад ва Кобул паи ҳам баргузор мегардиданд, ки 1171 рӯз идома ёфт. Заҳмати шабонарӯзии Комиссияи оштии Миллӣ ва ҳайати мухолифин самар овард. Рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти Миллии деринтизори тоҷикон ба имзо расид.
Хурсандии хурду бузурги кишварро ҳадду канор набуд, даврони осоиштагӣ ва сулҳу дӯстӣ фаро расид.
Санаи 27 июн, ҳамчун рӯзи муқаддас ва санаи баимзорасии сулҳу Ваҳдати миёни тоҷикон, бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Рӯзи Ваҳдати Миллӣ» эълон гардид.
Барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу Ваҳдат дар Тоҳикистони навин Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ аксарияти давлатҳои дунё пазируфтанд ва омӯхта истодаанд.
Бинобар ин ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амру қарорҳои Ҳукумати мамлакат, ки ҳамагӣ ба нафъи мардум ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа мебошанд, камари ҳиммат баста, Ватани азизамонро обод ва сулҳу Ваҳдати бо ивази садҳо ҷоннисориҳо ба даст омадаи хешро чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ намоем. Ва нагузорем, ки оромиву осоиштагии кишвар аз тарафи нохалафе халалдор гардад.
Бо ҳамин ниятҳои нек дар охир бори дигар Шуморо ба муносибати рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва баҳам омадани миллати тамаддунсози тоҷик табрик намуда, бароятон беҳтарин хӯшиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *