Илму дониш сарвати бебаҳо барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Мардуми тоҷику – форс аз замонҳои пеш дорои маданият, фарҳанг ва илму донише буда, то кунун ин рисолати худро нигоҳдоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар марҳилаи “Дигаргунсозиҳои азими таърихӣ ва бунёдӣ” қарор дорад. Фардои давлату миллат бевосита аз рушду такомули низоми маориф, тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ, фаъол, созандаю эҷодкор ва масъулиятшиносу ватанпарвар вобаста аст. Аз ин рӯ, мо бояд барои гирифтани таҳсилоти босифат, ки ҷиҳати ташаккули шахсият равона шудааст, низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, педагогикаи миллии халқамон бо дарназардошти тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем”.
Гимназияи ноҳияи Ховалинг аз зумраи ҳамон дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар мебошад . Гимназия барои омӯзгорони серталош, лаёқатманд ва эҷодкоро ба кор қабул мекунад. Маоши омӯзгорон аз рӯи маълумоти олӣ, тахассус ва вазифаҳои хизматиаш бо назордошти маблаггузории соҳаи маориф ба инобат гирифта мешавад.
ТАЛАБОТИ ОЗМУН ЧУНИН ҲАСТ!
– Собиқаи кори на кам аз 5 сол
– Донистани санадҳои меёрии ҳуқуқии соҳаи мориф, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ.
– Истифода бурдани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим.
– Доштани маҳзании фаъолияти омӯзгори ва дастовардҳо дар озмуну олимпиадаҳо.
– Баргузор намудани дарс аз рӯи ихтисос
ҶОИ КОРИ ХОЛӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН
1. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ 7 нафар
2. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, алифбо ва матни ниёгон 3 нафар
3. Омӯзгори фанни забони русӣ 2 нафар
4. Омӯзгори фанни забони англисӣ 2 нафар
5. Омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ 2 нафар
6. Омӯзгори фанни география 1 нафар
7. Омӯзгори фанни математика 2 нафар.
8. Омӯзгори фанни химия 1 нафар
9. Омӯзгори фанни биология 2 нафар
10. Омӯзгори фанни тарбияи ҷисмони ва омодаги дифои ҳарбӣ 1 нафар.
11. Омӯзгори фанни таълими меҳнат 2 нафар
12. Омӯзгори фанни ТИК (технологияи иттилоотӣ) 2 нафар
13. Омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ ва нақшакашӣ 1 нафар
Ҳамзамон қабули хонандагон аз синфҳои зерин ба тариқи озмун аз рӯи равияи ҷамъияти –гуманитарӣ ва табиӣ – риёзӣ бароҳ монда мешавад!
1. Синфи якум гурӯҳи тоҷикӣ бе озмун.
2. Синфи 2 гурӯҳи тоҷикӣ ба таври суҳбат
3. Синфи 3 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика
4. Синфи 4 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика ва забони тоҷикӣ (диктант)
5. Синфи 5 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика ва забони тоҷикӣ (диктант)
6. Синфи 6 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика, забони тоҷикӣ ва забони русӣ (тест)
7. Синфи 7 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика, забон ва забони русӣ, физика (тест)
8. Синфи 8 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика, забони тоҷикӣ, забони русӣ физика, география ва биология (тест)
9. Синфи 9 гурӯҳи тоҷикӣ имтиҳон аз математика, забон, забони русӣ физика, география , химия ва биология (тест)
10. Синфи 10 гурӯҳи тоҷикӣ равияи ҷамъияти – гуманитариӣ, ва табиӣ – риёзӣ имтиҳон аз математика, забони тоҷикӣ, забони русӣ физика, география таърих ва ҳуқуқ (тест)
11. Синфи 11 гурӯҳи тоҷикӣ равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, ва табиӣ -риёзӣ имтиҳон аз математика, забон, забони русӣ, физика, география таърих ва ҳуқуқ (тест)
Маблағи шартномаи таҳсил дар муассисаи мазкур дар як моҳ 400 сомонӣ ва дар давоми соли таҳсил 4000 сомониро ташкил медиҳад. Хонандагоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, номи муассиса ва номи ноҳияи Ховалингро баланд мебардоранд ба онҳо имтиёзҳо ва ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои дурахшон намудани ояндаи худ фурсатро аз даст надода, ба омӯзиши илмҳои имрӯза машғул шуда, ҳамқадами замон бошед. Қабули дархости хонандагон ба гиминазия аз 1-уми июл то 28-уми моҳи августи соли 2025 ҷараён мегирад. Барои гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.
Суроға: ноҳияи Ховалинг, шаҳракаи Мунк, назди чойхонаи “Чилчанор”
Телфонҳо барои тамос: 985-88-94-02
200-07-26-07
989-15-75-80