Сухани табрикии раиси ноҳия
Акрамзода Парвиз Акрам бахшида ба 26 солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз дар саросари мамлакат ҷашни 26 – солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно менамоям.
Дар Паёми Сарвари давлат қайд гардид, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркӯшӣ оварда расонид.
Бо вуҷуди ин ба шарофати заҳматҳои хирадмандонаи Пешвои миллат зиёда аз як миллион фирориён ба Ватан баргардонида шуда, харобиҳои баъди ҷангӣ ва рукнҳои давлатдорӣ пурра барқарор карда шуданд.
Дар доираи таъмини се ҳадафи стратегии миллии пешбинишуда: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои зарурӣ ноил гардид. Дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ Сарвари давлат изҳор намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ҷавонони имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодии миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номӯс содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ! Чӣ тавре ба ҳамаи мо маълум аст, Артиши Миллии мо бе ягон заминаи моддиву техникии меросӣ аз даврони шӯравӣ дар шароити ниҳоят вазнини зуҳури бесару сомониҳо ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-феврали соли 1993 расман ташкил ёфт.
Артиши навташкили Тоҷикистон дар роҳи ҳифзу мустаҳкам намудани рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибонӣ аз сулҳу осоиш ва амният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тақвият бахшидан ба музаффариятҳои аввалини даврони соҳибистиқлолӣ, хизмати беназир намудааст.
Таъмини иқтидори мудофиавии кишвар, таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар шароити имрӯза, ки даврони босуръати тараққиёти илму техника ва технологияи навтарини электронӣ мебошад, зарурияти густариши ҳамкорию ҳамгироии низомии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ, иштирок дар машқҳои муштараки фармондеҳию ситодӣ, талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ ба кадрҳои баландихтисосу дорои маҳорату малакаи хуби касбӣ ва забондону аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, меафзояд. Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”
Хизмат дар сафҳои Артиши Миллӣ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд бештар ба ҷавонон дарси ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ ва одобу ахлоқ омӯзонем. Онҳоро ҳаматарафа ба хизмати Модар – Ватан омода созем. Аз он сарфарозу ифтихормандем, ки ҳамасола дар сафҳои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон фарзандони бонангу номӯси ноҳия бо сари баланд хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оварда, корнамоиҳои фарзандони шуҷоъу далер аз ноҳияи мо низ кам нестанд.
Дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас саҳми ҷанговарони башардӯсти ноҳия назаррас буда, сазовори таҳсин мебошад. Хизматҳои садоқатмандонаи онҳо ва кору рафторашон намунаи ибрати ҷавонону наврасони имрӯзи ноҳия аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар яки мову Шумо маҳз бо шарофати Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар хоки муқаддаси Ватан, бе ягон хавфу хатар, дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ карда, сол то сол Ватанамонро ободу зебо мегардонем. Ҳар як шахси бонангу номӯс бояд дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин нишони садоқат ба давлату миллат буда, дар пос доштани арзишҳои умумимиллӣ зоҳир мегардад.
Боварӣ дорем, ки мову Шумо нангу номӯси ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум ва хизматҳои садоқатмандона ба Ватанро, ки аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.
Ҳамзамон дар баробари иҷрои вазифаҳои худ ба эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат бахшида, ҷашну санаҳои муқаддаси таърихиву миллиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва сазовору арзанда пешвоз мегирем.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 26- солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно дорам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз !