Соҳаи сайёҳи дар Ховалинг.
Ховалинг ба ноҳияи кӯҳистони маҳсуб буда, зиёда аз 95% ҳудуди онро қаторкӯҳо ташкил медиҳанд, ки барои рушди минбаъдаи туризм шароити шароити хуб дорад.
Ин гушаи диёри точикон таърихи тӯлони дошта, барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиноси хизмат мекунад. Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии ноҳия ва обу ҳавои тоза ва ҷашмаҳои гуногуни шифобахш ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати туристӣ бахусус барои рушди сайёҳати экологӣ имконият фароҳм меоварад.
Рушди соҳаи туризм метавонад замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ ва ғани гардонидани буҷаи маҳаллӣ таъмин намояд.
Ноҳия дорои мавзеъҳои туристӣ буда, рушди минбъадаи соҳаи туризмро тақозо менамояд. Мавзеҳои туристии ноҳия ин мамнунгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қарани, (мавзеиъеи) Дараи Мухтор зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, Сангтуда, Ёдгориҳои таббиии Чилчанор, Маъбади буддоии Чепол, Шаҳри Мунк, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, чашмаи Қазған, чашмаи Сурсақова, чашмаи Зардпарвин, Санги Рама, чашмаи Шӯр, Курӯшак, Занбӯрак, Кӯлдара, Ёкунҷ Хонақоҳи Севодара, Уштурчаро, Дашти меш, Чангон, Кӯҳи Утоқ, Ҳазрати Шоҳ, Гармчашма Сурсақова, Баландсар, Диҳи Маҳмуд, Харгӯшон мавҷуд мебошанд, ки ба самтҳои гуногуни фаъолияти туристӣ: кӯҳнавардӣ, туризми куҳӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ ва истироҳатӣ мусоидат менамоянд.
Пеш аз ҳама сокинони меҳмонавози Ховалинг сайёҳону зоҳиринро ба диёри биҳиштосо-Ховалинг барои сайёҳат, дамгирӣ ва зиёрати бузургворонаш бо дасту дили гарм қабул ва гусел менамоянд. Табиати зебои ноҳия сайёҳонро бо зебоии афсонавии кӯҳу тепаҳо, чашмаҳо, обҳои зулолаш мафтун месозад. Ноҳияи Ховалинг дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Феълан дар ноҳия солҳои охир шумораи сайёҳони хориҷию дохилӣ якчанд маротиба зиёд шудааст. Соли 2009 зиёда 3000 сайёҳ ба мавзеи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қарани, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, мавзеъи Восеъ- қаҳрамони халқи тоҷик ташриф овардааст, ки аз он 150 нафарашон кӯҳнавардон (алпенистон) ташкил медиҳад. Мавзеъҳои мазкур мавсимӣ буда, аз моҳҳои май то октябр фаъолият менамоянд ва метавонад дар як шабонарӯз 160 нафарро қабул намоянд. Барои қабули сайёҳон ва инкишофи минбаъдаи соҳа ҳолати ногувори инфросохтори ноҳия, набудани шиору овезаҳои тарғиботӣ бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, хатсайрҳои аниқ, маълумотномаҳои мухталиф аз қабили китобчаҳо, расмҳо, буклетҳо оид ба мавзеъҳои ҷолиби диққат ва шароитҳои мавҷудаи самти сайёҳӣ халал мерасонад.
Мамнӯънгоҳи таърихию Султон Увайси Қарани, ки бо иқтидори нотакрори табиӣ, гуногунии манзара ва табиати дилангези нотакрор метавонад таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кунад. Оромгоҳи Султон Увайси Каранӣ маъвои охирати яке аз ҳамзамонони содиқ ва дусти ғоиби Ҳазрати Мухамад (С) дар деҳаи Мазори Султон 18 км дур аз маркази ноҳия воқеъ гардидааст. Мазори Ҳазарати Султон ҷои сарсабз, ободу зебост. Нӯшидани чашмаҳои шифобахши Ҳикмат, Мағфират, Раҳмат, Мурод, Шифо ба кас ҳаловат мебахшад.
Ҳамзамон мавзеи мазкур дорои як қатор норасогиҳои ҷузъӣ мебошад. Пеш аз ҳама ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй набудани меҳмонхона, ошхонаю ҷойҳои истироҳатӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ мебошад.
Мавзеъи Дараи Мухтор зодгоҳи Восеъ – қаҳрамони халқи тоҷик дар худуди чамоъати дехоти Ҷомбахт дар масофаи 5 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Деҳа бо табиати дилфиреб, боғу роғ дили хар як бинандаро тасхир менамояд. Дар зодгохи қаҳрамон ҳоло боғ- осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ (соли1888) бузургтарин хуруҷи деҳқонон, ки пояи аморати Бухоро ба ларза овард, меҳмонхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он барои сайёҳону меҳмонон тамоми шароит муҳайё аст.
Кӯлдара ва Хонақои Севодара. Деҳаҳои Кӯлдара ва Хонақои Севодараи ноҳия дар омӯзиши ҳаёти инсонӣ аҳамияти калони илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.
Деҳаи Кӯлдара дар масофаи 30 км дар ҳудуди Ҷамоати деҳотӣ ба номи Лоҳутӣ ва Хонақоҳи Севодара бошад дар Ҷамоати деҳоти Сари Осиёб (15 км) аз маркази ноҳия ҷойгир мебошанд.
Ҳар ду деҳа солҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи бостоншиносон қарор доранд. Асбобу олоти меҳнатии асри санг, ки дар ковишҳои ҳафриёти аз ин деҳаҳо ва дигар мавзеъҳои таърихии ноҳия ёфт шудаанд, дар осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Сангтуда. Дар ҳудуди ноҳия 5 сангтуда мавҷуд аст. Калонтарин онҳо дар назди собиқ деҳаи Сагтуда қарибии деҳаи Таги Ҷар, сетои дигар дар ҳудуди деҳаи Чуқурак ва тудасанги панҷум қарибихои деҳаи Навободак вокеъ аст. Дар бораи ин сагтӯдаҳо, ки бо як санъати баланди ҳунармандӣ бунёд ёфтаанд, дар байни мардум нақлу ривоятҳо хеле зиёд аст. Бисёриҳо бунёди сангтӯдаҳоро ба лашкаркашҳои забткорон нисбат медиҳанд.
Олимон дар он ақидаанд, ки сангтудахо офарандаи пайравони Кеши буддоӣ мебошанд. Будпарастон одате доштанд, ки сангтӯда бунёд намуда, болои он ҳайкали буддоро мегузоштанд ва мепарастиданд.
таббиии Чилчанор. Чилчанор мисли ҷазираи сабзест миёни шаҳраки Ховалинг ва мавзеест басе дилкушо. Чилчанор тасвири чил сипоҳе аст, ки оби поку мусаффои чашмаро мудати чандин аср посубон буданд. Аксаре аз мардум Чанорхоро ҳазорсола меҳисобанд ва дар бораи он қиссаву ривоятҳо мегуянд. Пайдоиши вожаҳои Чилчанор, Чилдухтарон, Чилзина, Чилашинӣ, чили тобистон, чили зимистон, чили шахси фавтида, чил тани пок, чил қаландар, чил пайванд, чилгӯша ва чил тутӣ ба ҳаёти мардуми мо алоқаи зич дорад. Чилчанор маҳз бо асрори ниҳони худ ба ин рақаму вожа алоқаманд мебошад.
Чилчанор мӯъҷиза аст. Агар бори аввал чанорҳоро ҳисоб кунӣ, 41 ё 42 адад мебароянд. Агар дуввумбора онҳоро ҳисоб бикунӣ 39 ё 41 адад мебароянд. Умуман, ҳар боре ки ин дарахтон ҳисоб карда шаванд, шумораи онҳо як хел намебароянд. Шумораи аниқ ба кассе муяссар шавад, ӯ хушбахт аст.
Маъбади Буддоии Чепол. Дар ҳудуди шаҳри Мунки Ховалинги имрӯза воқеъ аст. Маъбади Буддоии деҳаи Чепол (ҳоло ин калима дар шакли Чепивол истифода мешавад) ин шаҳри кӯҳан, ки онро бостоншиносони Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии АУ Тоҷикистон соли 1987 бо роҳбарии корманди калони ин муассиса М.М. Мулоқандов ҳангоми ҳафриёт ёфтаанд, наҷиб мебошад. Маъбади Буддои мазкур мутааллиқи асри VI-VII буда, дар гӯшае аз ин шахри қадим воқеъ будааст. Як қатор бозёфтҳои ин Маъбади Буддо ҳоло дар Пажуҳишгоҳи номбурда маҳфузанд.
Шаҳри Мунк (асрҳои IX-XII) дар ҳамвории Ховалинги имрӯза доман густурда аз деҳаи Таги Ҷар то ба подомани Мазори Ҳазрати Султонро дар бар мегирифт. Сарчашмаҳои таърихӣ бахусус китоби таърихшиноси машҳури асри X-и араб Муттаҳар Ибни Тоҳири Мақдисӣ «Ал-бадъ-ва-т-таърих» шаҳодат медиҳад, ки шаҳри Мунк яке аз шаҳрҳои сераҳолӣ, ободон ва калонтарини Хатлонзамин будааст. То имрӯз таърихи шаҳр пурра омӯхта нашудааст. Аввалин ковишҳои бостоншиносӣ оиди ҷустуҷуи таҳҷои шаҳри Мунки қадим соли 1946 бо роҳбарии бостоншиносӣ маъруф А. М. Беленицкий баргузор гашта буд. Ҳоло зиёда аз се ҳазор нигораҳо дар осорхонаи Таъриху кишваршиносии ноҳия ба марази тамошо гузошта шудааст. Авҷи тараққиёт ва даврони тиллоии ин шаҳри бузург ба замони салтанати Сомониён рост меояад ва таърихи он ба таърихи Хатлони бостонӣ якҷо мебошад.
Дар ҳудуди Мунк (Ховалинги имрӯза) нишонаҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ – асри сангин, асарҳои биринҷу оҳан, ёдгориҳои даврони Хохманишоҳо, Искандари Мақдунӣ, селевикҳо, юнону бохтариҳо, кушониҳо, сомониён, ғазнавиҳо ва темуриҳо мавҷуданд.
Дар замони истилои муғулҳо шаҳри Мунк пурра хокрез карда шудааст.