Хабарҳо

Шанбегии умуминоҳиявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Сокинони ноҳияи Ховалинг, коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шанбегӣ эълон намуда, баҳри тозаю озода намудани кучаю гузаргоҳҳо, ҷую заҳбурҳо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, нарм кардани бехи дарахтони сояафкану мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ камари ҳиммат бастанд.

Он рӯз ҳама бо руҳу илҳоми болида дар ин шанбегӣ ширкат намуда, саҳми босазои худро гузоштанд. Дар ин шанбегӣ кормандони беморхонаи марказӣ. шӯъбаи маориф, марказҳои тиббӣ, намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар соҳаҳо фаъолияти бештар нишон дода, дар тозаю озода намудани ноҳия саҳми худро гузоштанд.

Аз кӯшишу заҳмат ва ободкории коллективҳои меҳнатӣ бараъло мушоҳида намудан лозим буд, ки сокинони ноҳия ҷашни Наврӯзи имсоларо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва рушди корҳои ободонӣ истиқбол менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *