Дар ноҳияи Ховалинг 7 хатсайри нави сайёҳии экологию таърихӣ фаъол гардид
Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ 7 хатсайри нави сайёҳии экологию зиёратӣ ташкил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ширкати навтаъсиси сайёҳии ҶДММ «Сайри Мунк» ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати назаррабои диёри маҳбубамон ва маконҳои таърихию фаҳангии ноҳияи Ховалинг 7 хатсайри нави сайёҳии экологию зиёратӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ташкил ва роҳандозӣ карда шуд.
Аз ҷумла, хатсайрҳои:
Якум. Ховалинг — Ҳавзи таърихии Шехмизон — маркази шаҳри Мунки қадим – ҳавзи таърихии Доробӣ (Нозкӯли қадим) — таҳҷои маъбади Буддои Чепол -«Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» — Бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии «Лоҳутӣ-1», «Лоҳутӣ-2», «Оби Мазор», Сари ҷар Кулдара (миллионсола, кадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ) ва Мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ. Хатсайри мазкур мошинрав аст.
Дуюм. Ховалинг — «Сангтӯда-3», «Сангтӯда-4» (Ҳарду воқеъ дар деҳаи Чуқурак), Мазори Ҳазрати Султон, истиқоматгоҳи Палеолити болои асри сангӣ «Дӯстӣ» (Харирион), осорхонаи Восеъ, Чилчанор, чашмаи қазған ва осорхонаи ноҳияи Ховалинг.
А). Аз Мазори Ҳазрати Султон хатсайр тавассути асп ва хар. Мазор — Уштурчаро — Чангон, Кӯҳи Утоқ.
Б). Мазор — Дашти Меш — Ёдгорбас, Хингак (ҳудуди кони зар, хатсайр бо истифода аз хару асп).
Сеюм. Маркази Ховалинг — Дараи Мухтор – Сурсакова — Хавзако (Чормағзи бузург) — Димаҳмуд (сумчҳо ва чашмаҳои шифобахш). Хатсайри мазкур бо истифода аз мошин ва хару асп.
Чорум. Маркази Ховалинг — Салаи Қозӣ (ёдгории бузурги табиӣ), Сафедсанг — Санги Рама (ёдгориҳои табиӣ), Сари Кро. Хатсайр бо истифода аз хару асп.
Панҷум. Ховалинг — «Сангтуда-5» — Хонакоҳи Севодара (маскангоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ) — Сангдара — Чилдухтарон — Куҳи Аждаҳор — сиёҳфарк — Талбар. Хатсайр бо истифода аз мошин ва хару асп.
Шашум. Маркази Ховалинг — Мазори Ҳазрати Султон — Руйи Об — Шаршараи Пушти Боғ (Сари Хосори ноҳияи Балҷувон). Хатсайр бо истифода аз мошин ва хару асп.
Ҳафтум. Ҳулбук (н. Восеъ) — оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ш. Кӯлоб) — Сангтуда, осорхонаи Восеъ, Чилчанор, осорхонаи ноҳияи Ховалинг, Чилдухтарон (н. Муъминобод), Мазори Хазрати Султон ва Шаршараи Сари Хосор (н. Балҷувон). Хатсайр бо истифода аз мошин ва хару асп.
Хатсайрҳои мазкур аз 2 рӯз то 4 рӯзро дарбар мегиранд.
Харитаи сайёҳии ноҳия, лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, маводҳои иттилоотию тарғиботӣ бо номҳои «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия карда шуданд. Феълан дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг кушода шудааст, ки маълумот оид ба мавзеъҳои таърихӣ, табиати дилангези ноҳия муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, се адад ҳомстейҳо ташкил карда шудаанд, ки барои қабули сайёҳон мусоидат мекунанд. Дар як вақт ин ҳомстейҳо то 15 нафар сайёҳро қабул карда метавонанд.
Ҳомстейҳо бо ороишоти миллӣ оро дода шуда, сайёҳон метавонанд бо расму оинҳо, тарзи зиндагии аҳолии маҳалӣ ва таомҳои миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Ховалинг барои рушди сайёҳӣ мусоиду мувофиқ буда, дар оянда метавонад яке аз марказҳои муҳим сайёҳӣ бошад. Ҳаминро тазаккур бояд дод, ки Ховалинг ва захираҳои бойи сайёҳии он на фақат диққати сайёҳону тоҷирон ва донишмандони хориҷиро ба худ кашида буд, балки дар замони салтанати сулолаи манғитияи Бухоро низ ин воҳаи зебо табиату фарҳангорой маълуму машҳур буд.
Аз ин ганҷинаи табиат ва тамаддуни башарӣ донишҷӯёну толибилмон ва аҳли саёҳатдӯстон метавонанд дидан намоянд.
Бисёр боигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангӣ дар ин ноҳия доман густурда, олами паррандагону ҳайвоноти ваҳшии он аҷибу дар олам нодиртаринанд.
Агар ба таърихи қадимтарини қадим ва имрӯзаи ин диёр назар афканем, маълум аст, ки мавзеи Кӯлдараи он дар саросари қаламрави Осиёи Марказӣ қадимтарин буда, таърихи чандҳазорсолаи ҳаёти одамиро дар худ маҳфуз медорад.