Баҳри ободии ноҳияамон дастаҷамъона меҳнат мекунем
Саннаи 7-уми апрели соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генералполковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сокинони ноҳия доир гардид.
Дар вохӯрӣ коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақмотҳои ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибони масчидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, соҳибкорони бо нангу ори ноҳия, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият менамоянд ширкат доштанд.
Мақсад аз баргузор намудани вохӯрӣ бори дигар саҳми муносиб гузоштан дар рушду ободии диёр, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба ин васила иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, № АП 1059 «Оид ба нақшаи чорабиниҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам суханронӣ намуда, мухтасар аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва фаъолияти дигар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия гуфта гузашт. Сипас, Вазири муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро риштаи суханро ба даст гирифта, бори дигар аз ҳама сокинони ноҳия, соҳибкорони саховатпеша ва бо ору номӯси ин ноҳияи зебоманзар даъват ба амал овард, то дар бари якдигар рост истода, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияи Ховалинг камари ҳиммат банданд.соҳилбандӣ намудани дарёи «Оби мазор», сохтмони майдон-боғи истироҳатии маркази ноҳия, сангфаршу асфалтпӯш намудани роҳҳои марказ, сохтмони майдони рамзҳои давлатӣ-Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмон ва ба истифода додани терминали мусофиркашонӣ, кучонидани Бозори марказӣ ба ҷойи муайяншуда, сохта ба истифода додани дигар иншоотҳои маишию хизматрасонии ҷашнӣ, обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии ноҳия аз нақшаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар якчанд нафар аз соҳибкорон низ баромад намуда, дигар таклифу пешниҳодҳои худро баҳри рушду нумуи ноҳия иброз доштанд.
Аз қарсакзаниҳои пурмавҷи аҳли иштирокчиён муайян карда мешуд, ки мардуми шарафманди ноҳия якдилона, ҳама таклифҳоро пазируфта, баҳри ободии ноҳияи зебоманзарамон, ки як гӯшаи кишвари азизамон аст шабонарӯзӣ меҳнати софдилона менамоянд.