Хабарҳо

Зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосир

Зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосир

Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии азизи моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Террозим ва ифротгароӣ ҳарду зуҳуроти номатлуби замони имрӯз буда, хатари аз байн бурдани халқу миллатҳои гуногун, зуроварӣ, ғасби ҳокимияти давлатӣ, барангехтани низои миллӣ ва аз байн бурдани анъанаҳои миллии халқиятҳоро доранд.

Дар раванди ҷаҳонишавии ин падидаҳои номатлубе, ки боиси марги одамони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мегардад, давлати ҷавони мо бе таъсир намемонад. Зеро ҳамсарҳад баданамон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моро водор менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои амну осоиштагии мардуми кишарамон фидокор бошем. Чи гунае, ки аз расонаҳо ба мо маълум мебошад, имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротие ҳастанд, ки ба шомил гардонидани ҷавонон ба сафҳои худашон аз тамоми роҳу усулҳо истифода мебаранд ва садҳо ҷавононро ба доми худ кашида, барои иҷрои амалҳои нопокашон ба давлатҳои ҷангзада сафарбар менамоянд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз номи ислом истифода бурда, онро доғдор менамоянд, асосан худ душманони ислом буда, муқобили гуфтаҳои аҳкому шариат амал менамоянд.

Ҷавонони аз таълим дур монда, ки дониши мукаммали диниву дунявӣ надоранд, фирефтаи чунин гуруҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд.

Дар айни ҳол муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва анъанаҳои ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарвари он набояд чашми моро аз раванди пурталотуми дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият, пешрафти инқилобии илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.

Баръакс мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз қатораи босуръати кайҳонии пешравандаи асри ХХI қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш бахшем,арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва гузашта аз ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо симои хосаи худ пайвандем, дастовардҳои истиқлолият ва рукнҳои давлату давлатдории миллиро чун гавҳараки чашм пос дорем. Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки насли ояндасози миллатро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу буми ватани аҷдодӣ тарбия намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзандаи худро гузорем.

Хуб мебуд, аз тарафи омӯзгорон дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ, таърихи дин ба ҷавонон мазмуну мӯҳтавои ин ду зуҳуроти номатлуби ҷомеи имрӯза, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, фаҳмонида шавад.

Ҳамчунин, аҳли зиёи кишвари моро зарур аст, ки пешравиҳои ватани азизамон ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро байни қишри ояндасози миллат-ҷавонон бештар тарғибот намоянд, то мардуми кишвар, хусусан ҷавонон барои нигоҳдории ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли ватан саҳмгузор бошанд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳушёриву зиракии ҷавонон ва кули мардуми шарифи Тоҷикистон дар чорабиниҳои берун аз мактабӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ оиди хатари терроризм ва ифротгароӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шавад.

Мо-омӯзгорон кӯшиш менамоем аз тамоми роҳу усулҳо истифода намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи таъриху фарҳанги ниёгони хеш тарбия намоем ва ба ин васила дар сулҳу осоиштагии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҷавонон бояд донанд, ки имрӯз ҳастанд давлатҳое, ки сокинонашон макон, ватан, миллат, шиноснома надоранд. Дар он давлатҳо ягон ҷашну маросимҳо таҷлил намегарданд. Шаҳрвандонашон фақат хоҳони озодӣ, тинҷу ором будани кишвар ҳастанд. Пас чӣ гуна мо бояд шукронаи давлати озоду орому сулҳу суботаш пойбарҷоро накунем, ки ҳама бо шодию сурур дар ин кишвари соҳибистиқлол озодона фаъолият менамоянд.

Мо тоҷикон ҳамеша шукргузорӣ аз кишвари ободу озод намуда, пайрави Пешвои миллат бошем!

Сироҷов Ғолибшо Маҳсиддинович

Диретори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №2

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *