Тероризм
Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 21 падидаҳои гуногуни тероризмӣ қувват гирифтааст, ки бо воситаи пурқувватии мубориза барои манфиатҳои сиёсӣ бо роҳи зурии идеологӣ ва геопалитикӣ табдил ёфтааст. Шаклҳои зуҳури терроризм хело гуногун мебошад , зеро онро мутахасисон ва олимон гурӯҳбандӣ кардаанд.тероризми давлатӣ , тероризми гурӯҳи мухолифин,тероризми байналмилалӣ ва дохили давлатӣ ҷудо намуданд.
Аз рӯйи хислатҳояшон тероризмро ба ду гурӯҳ тақсим намуданд: динӣ ва этникӣ.Дар навбати худ рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мешавад. Боз даҳшатнокиитероризм дар он аст, ки ба харидиу фуруши занону кудакон даст мезананд. Кӯдаконро ба амалтётҳои мусаллуҳона, ки онҳо ноболиғе, ки синашон ба 13 расидаанд мебаранд. Даҳшати ҷанг махсусан ба кӯдакон таъсири зиёд мерасонад, на танҳо мустақиман ҷабр мебинанд, балки ҳалок мешаванд, маъюб мегарданд ва худро дар байни мардум метарконанд.
Чӣ гунае ки Президенти кишварамон дар ҳар як вохурӣ ва баромадҳояш таъкид мекунад,ки бояд ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда чунин қайд намудааст:онҳор бояд ба рӯҳияи ватандорӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намоем. Онҳоро бояд аз ҳар гуна динҳои ғайрисуннатӣ эҳтиёт намоем. Онҳо ба ин динҳо шомил нашаванд. Динҳои ғайрисунатӣ дар асрҳои 19 ба вуҷуд омада рӯҳияи мардумро ба терроризм ва экстеризм, ба гурӯҳҳои ифратгароӣ даъват менамоянд.
Агар аз солҳои 1970 то соли 1980 дар тамоми ҷаҳон 1814 амалиётҳои терористӣ анҷом ёфта бошад,соли 1980 то соли 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд. Аз рӯйи ҳисобҳои Департаменти давлатии ИМА имрӯз дар ҷаҳон ҳарсола аз 320 то 620 амалиётҳои терористӣ анҷом дода мешавад.
Терор (teror) аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ҳарос ,даҳшат мебошад. Терроризм сиёсати тарсонидан,ба даҳшат афкандан,пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯрию даҳшатафканӣ мебошад.
Терористон одамонро медузданд, дар ҷойҳои серодам бомба метарконанд,ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ даст мезананд. Аз дасти терористон бисёр шахсони бегуноҳ ва аҳолии осоишта зарар мебинанд. Кӯдакон ва навҷавононро ба воситаи дигаргун кардани рӯҳияи онҳо ба худ шомил мекунанд. Инҳо проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд.
Дар моддаи 35 (2) протоколи 1 истифодаи аслиҳаи тарканда, аслиҳаҳои заҳролудкунанда,истифода аз минаҳо манъ аст. Ин яроқҳо аз тарафи конфренсия аз 10 декабри соли 1980манъ карда шудаанд. Истифодаи аслиҳаҳои қатли ом, аз он ҷумла газҳои заҳролудкунанда, ки аз тарафи Протоколи Эненевагӣ соли 1925 манъ карда шудааст,боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Дар моддаи 50-и Протокол(1) баашхоси ба аҳолии гражданӣ ҳамла кардан мумкин нест.
Дар моддаи 51-и Протоколи 1 ҳодисаҳои зӯроварӣ ва таҳдидро, ки дар байни аҳолӣ тарсу ваҳмро ба вуҷуд меорад, манъ карда шудааст. Лек терористон бошад ҳамаи ин гуфтаҳоро истифода мебаранд, чунки онҳо дар мактабҳои терористии Покистон таълим гирифта ба касе раҳм намекунанд. Чуноне,ки дар соли 2016 тероре дар Сурия ба модари пири худ, ки чанд сархадро убур карда ба назди фарзандаш барои аз ин кор даст кашиданаш бояд суҳбат кунад меравад,писар бошад ,модарашро мавриди азобу шиканҷа қарор дода ба қатл мерасонад. Ин боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонгашт. Чуноне ки қайд кардаанд терроризм модар, ватан, миллат ва мазҳаб надорад. Танҳо дини исломро дар ҷаҳон доғдор кардан мехоҳад.