Терроризм вабои асл
Одамизод ба дунё на ба ҷанг омадааст,
На ба қурбон шудан аз тӯпу туфанг омадааст.
Тафаккури ифротӣ гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои терористӣ як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳони имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додааст.Чунон чи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Паёмаш ,ки 22-декабри соли равон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид,муҳимтарин масъалаҳои ичтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати мамлакатро фаро гирифтааст.сарвари давлат ба маврид таъкид доштанд,вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ,мусаллаҳшавии бошитоб ва пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» боиси нигарони гардидааст.Воқеан соли 2017-таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба монанди тероризму экстремизм доман паҳн намуда,дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо пайдо карданд ва соли сипаригардида барои ҷомеаи башарӣ чун як соли душвору пурхитилоф эътироф гардид. Мисоли амалҳои ғайриинсонии аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва ифротие чун ДИИШ,Толибон,Ал-қоида,ва Ҳизб-ут –таҳрир-ро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки онҳо дигар мехоҳанд дар тамоми дунё нақшаҳои зидибашарии худро амалӣ намоянд. Имрӯз шаҳрвандоне,ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии дини ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан,хоини Ватан ҳисобида мешаванд. Имрӯз мо тавассути оинаи нергон мебинем ,ки чигуна дар он низоъҳо ҷон медиҳанд аз марги баъзе фарзандон ба парару модар маълумот расида ,онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояву аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд,чун ки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан-Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд.Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба миллатро набахшидааст ва намебахшад.
Ҳар ки бошад соҳиби виҷдони пок,
Кай раво дорад ба инсон хуну хок.
Тааҷҷубовар он аст ,ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонон ба ваъдаҳои пучу дуруғини хоҷаҳои хориҷӣ бовар намуда ,ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи ва экстремисти пайваста,ҳаёти худро дар хатар ва обурӯю эътибори падару модар ва хешовандонро коста мегардонанд.
Ҷангҷуёнро куҷо ин хислат аст ,
Исту бисту зисти онҳо офат аст.
Омузгори фанни таърих М.Т.М.У№14 Қосимов