Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи оила дар қасри фарҳанги ноҳия

Таҷлили Рӯзи оила

дар қасри фарҳанги ноҳия

Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари азизамонТоҷикистони биҳиштосо 15-май ҳамчунРӯзи байналмилалии оилаҷашн гирифта мешавад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили меҳру муҳаббат, садоқату самимият, вафодорию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ маҳз аз оила ташкил меёбад.

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд. Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, зеро оила пойдевори асосии давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Давлат вазифаи аввалиндараҷаи оиларо дар он мебинад, ки бо тарбияи насли нав ба ваҳдати миллат таҳкими ҷиддӣ бахшида шавад. Оилае, ки дар он дар асоси принсипҳои некӣ, меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ ташкил гардидааст, оилаи устувор маҳсуб ёфта, метавонад дар оянда фарзандони солеҳро ба воя расонад.

Оила дар ҳама давру замон ҳамчун падидаи арзишманди иҷтимоӣ шинохта шудааст. Инсон бо барпо намудани оила умед дорад, ки ин ячейкаи ибтидоӣ чун пояи давлат баёнгари муҳаббат, дилсӯзӣ, дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа хоҳад буд.

Барои дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии маърифатӣ, яъне Рӯзи байналмилалии оила санаи 15-майи соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба ин рӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия омодагии ҳамаҷониба дида шуд.

Дар ин чорабинии маърифатӣ ду ҷуфт навхонадорон, се тифли навзод ва оилаҳои собиқадору намунавӣ давъват карда шуданд. Сараввал, муовини раиси ноҳия Аҳрорзода Гулбарг Шариф суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин рӯзи пурмеҳру муҳаббат самимона табрик намуда, оиди оила ва пойдории оилаҳо чанде ибрози ақида намуд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мадиева Зайнабгул Ансориевна ба сухан баромада, оиларо ҳамчун ячейкаи асосии давлатдорӣ маънидод намуда, иброз дошт, ки дар оилае, ки меҳру садоқат, ҳурмату эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, вафодориву самимият дошта бошад, оилаи устувор маҳсуб ёфта, метавонад фарзандони неку солеҳ ва шахсиятҳои баркамол дар ҷодаи зиндагӣ ва садоқат ба халқу ватанро ба воя расонад. Ҳамчунин, номбурда иброз намуд, ки кормандони бахши САҲШ бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, маърифати оиладорӣ, ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ, пешгирии бекоршавии оилаҳо ҳар моҳ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия миёни аҳолии деҳот сӯҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки яке аз омилҳои нигаронкунандаи имрӯзи ҷомеа ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ин бештар бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон аст.

Дар ин чорабинии баргузоргардида оилаҳои собиқадор аз рӯзгори хеш ва шебу фарози зиндагӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҳама ҳолат барои ҷавонон панду насиҳат намуданд. Ба оилаҳои ҷавон ва тифлони навзод аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва таваллуд ба таври ройгон супорида шуда, даъватшудагон ба туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фуроварди ин чорабинии бошукӯҳ аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ, ки саршор аз суруду таронаҳои меҳрбор буданд пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *