Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ- САРҲАД, ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАНД

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – САРХАД, ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Имрӯз ҷомеаи ҷахониро ифротгароӣ, эктремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз чумлаи ходисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории хар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷахонӣ хатар эҷод мекунад.

Дар таблиғи акидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хоричӣ дар минтиқа манфиатдоранд ва ин андешахоро миёни чавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Хизб-ут-тахрир», «Хизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко Харам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразхои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри татбиқи ҳадафхои нолоиқи худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтахои коркарди нефту газ ва дигар сарватҳои  зеризаминй, ки  паси он миллиардҳо меистанд.

Руҳониён ва исломшиносон борхо таъкид кардаанд, ки амалкардахои ин гуруххои ифротгарой ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиход» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷа амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шахрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпанох ва занон ба халокат мерасанд.

Пӯшида нест, ки дар раванди чахонишавӣ ва бархурди тамаддунхо вазъият ба куллй тағйир ёфт, ки ин ҷанги хунрезихоро дар кишвархои шарки наздик хамеша мушохида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барчаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда чанг рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунхо хохад буд ва шадидтарин ихтилофу чангҳо дар сархади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин хеҷ алокамандӣ надорад.

Асосгузорн сулху Вахдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми имсолаашон ба Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистои бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувох аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазхаб надорад, балки як тахдиде ба чомеаи чахони ва чони хар як сокини сайёра аст.

Мо хамеша ба суханони Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон пайравй намуда. терроризм ва экстремизмро шадидан махкум менамоем. Инчунин барои хифзи якпорчагии ин Ватани бихиштосо хамеша омодаем ва сиёсати хирадмамдонаю бумёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекумем.

Ходисахои нангине, ки имрузхо дар кишвархои Либия, Тунис, Сурия, Ирок, Миср ва дигар давлатхо ба вукуъ омадаанд, хеч як шахси солимфикру солимаклро бетараф гузошта наметавонад.

Амалиёти охире, ки террористон ба анчом доданд, боиси нигаронии чомеаи чахонй шуд, ки ин катли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин амали аблахонаи гуруххои террористонро мардуми Тоҷикистон дар катори дигар халқхои ҷахон маҳкум намуданд.

Имрӯз коршиносон бар ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар чавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои араб ҷалб мешаванд. Барои чалб кардани онхо аз шабакахои интернетй ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз чумла, барои чалби чавонони минтакаи Осиёи марказй сомонахои мухталифи интернетй воситаи асосй мебошанд. Тавре тариқи шабакаҳои телевизиони як гурух чавонони точикиро бо гуруҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш доданд, дар он падари яке аз ин ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз рӯи замин нест созед, то ин, ки ман хамчун падар пагох дар назди миллату давлатам сархам ва ба чавобгарй кашида нашавам. Чуноне, ки вактхои охир аз воситахои ахбори оммавӣ-сиёсӣ ва дигар ахборотхои сохторхои қудратӣ маълум гардид, ки дар ҷумхури 14-гурӯҳи муташаккили террористӣ аз чониби неруҳои кудрати маҳв гардида, фаъолияти 12-харакат, хизб ва гуруххои экстремистӣ-ифротӣ, тундгаро дар қаламрави кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон-шахрвандони чумхурие, ки аз номи гурӯҳи давлати Исломии Шому Ирок меҷанганд, муайян гардида, нисбати онхо парвандахои чиноятй оғоз карда шудааст.

Барои пешгирй намудан  ин вабои аср мақомотхои кудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд, то имруз 1190 нафар чавонони чумхурй дар сафхои созмонхои террористи ошкор карда шуданд ва нисбати онхо тафтишот бурда шуда истодааст ва зиёда аз 150 нафар шахрвандони чумхурӣ ба халокат расиданд.

Чунончи тахлилхо нишон доданд, ки сабабхои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯххои террористӣ, пеш аз ҳама паст будани савияи дониш, гумрохӣ, надоштани зиракии сиёси ва тайёр набудан ба мухоҷирати мехнатй мебошад.

Мохи апрели соли равон дар шаҳри Хоруғ конфронси илми-амалй оиди «Хатархои терроризм ва экстремизми байналмилали ба амнияти кишвар ва чорахои пешгирии он» баргузор гардид, ки дар баромади муовини Раиси Мачлиси миллии Мачлиси олии Чумхурии Точикистои, раиси вилоят Шодихони Чамшед кайд гардид, ки «Боиси таасуф аст, ки аз 1200- нафар шахрвандони Чумхурии ‘Точикистон, ки имруз дар сафи ташкилотхои баиналмилалии террористӣ, экстремисти карор доранд, 40- нафарашон зодагони ВМКБ хастанд».

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон ба Точикистон овард, нодиртарин ва кимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст. ки ин вахдати миллй ва сулҳро чун гавҳараки чашм хифз кунем ва хама аз як гиребон cap бароварда, барои химояи манфиатхои миллӣ камар баста, дар муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафи дар лахзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *