Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

САРСАБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ

Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо дар шанбегии умумӣ фаъолона иштирок намуда, майдони фурудгоҳро аз алафу хасҳои хушк тоза карданд. Ҳамчунин, дар боғу гулгаштҳо дарахтон, гулҳо ва буттаҳоро об дода, дар зебо гардонидани муҳити зист ва гӯшае аз диёри худ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

ТАШАББУСИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ САНГОВАКИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУНК ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

Дар асоси сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таи солҳои охир чиқадар корҳои барои солимгардонии миллат дар самти варзиш ба анҷом расонидааст, имрӯз дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби бошандагони деҳаи Санговаки Ҷамоати шаҳраки Мунк дар замини бекорхобидаи подахобрави деҳа сохтмони як адад майдончаи варзишӣ ба […]

Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Стратегияи амалҳо Фарҳанг Ҳисоботҳо Эълонҳо

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Имрӯз 14 июли соли 2025 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани нуҳмоҳаи соли 2025 доир гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии […]

Аксҳо Аҳолӣ Барномаҳои минтақавӣ Вохӯри бо ҷамоат Тандурустӣ

КОРВОНИ САЛОМАТӢ

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ВНМО дар ноҳияи Ховалинг маъракаи “Корвони саломатӣ” дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд. Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳия аз ҷониби […]

Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ДЕҲАИ ЧЕПИВОЛИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶОМБАХТ

Имрӯз тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амрудин ва дигар аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаи мазкур мулоқот баргузор гардид. Дар рафти он Набизода Фаррухиддин ва аъзоҳои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти […]