Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ноҳияи Ховалинг сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назар дошта шуда, ҳамзамон роҳи деҳаи мазкур низ аз таъмир бароварда мешавад.
Маълумотҳои кушода
МАОРИФ
Дар ноҳияи Ховалинг дар назди МТМУ №25-и деҳаи Обидара ва МТМУ №48 маҳаллаи навбунёди Тутак дар асоси нақшаи Гуруҳи татбиқи лоиҳаи муштараки “Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикситон сохтмони ду бинои иловагӣ ба нақша гирифта шудаас ва дар рӯзҳои наздик сохтмони иншоотҳо ба роҳ монда мешавад. Гуфта мешавад, ки биноҳои иловагии мазкур ҳаркадом […]
ТАЧЛИЛИ РУЗИ МАЪЮБОН ДАР НОХИЯИ ХОВАЛИНГ
Аз соли 2004 инҷониб ҳар сол 8 июл дар саросари кишвар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. ки ҳамасола дар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон бо ибтикори Макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар Маркази, тавонбахшии рўзонаи “Ғунча” чорабиниҳои идона баргузор мегардад. Имрўз 8 июл бо иштироки муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат, сардухтури беморхонаи марказӣ, […]
СУХБАТИ САРИРОХИ
Суҳбати сарироҳии муовини раиси ноҳия ва директори маркази ВНМО бо сокинони деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнов
ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНИ ФУРУДГОҲИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 5 июли соли 2025 бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия дар минтақаи вобасташуда шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегии мазкур корҳои ободонӣ, ба мисоли тоза намудани атрофи роҳу майдони фурудгоҳ аз алафҳои хушкшуда, ҷӯю заҳбурҳо ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд.
ҚАБУЛИ ОМӮЗГОРОН БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИ ХУСУСИИ “ГИМНАЗИЯИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ” ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Илму дониш сарвати бебаҳо барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Мардуми тоҷику – форс аз замонҳои пеш дорои маданият, фарҳанг ва илму донише буда, то кунун ин рисолати худро нигоҳдоштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати […]
Ховалинг, 26.06.2025
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бахшида ба 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар МД Маркази тавонбахшии рӯзонаи “Ғунча”, ки дар ин марказ кӯдакони имконияташон маҳдуд тарбият мегиранд, чорабинии фарҳангӣ ва дастархон идона ороста шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат, мудири бахши кор бо занон Назарова Садафмо ва дигар масъулин ширкат […]
САҲМИ СОҲИБКОРОН
Боздиди раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин аз рафти сохтмони бинои ошхона дар назди мактаби №23 деҳаи Ҷомбахти Ҷ/д Ҷомбахт. Сохтмони бинои мазкур бо иқдоми наҷиби соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷалби бошандагони деҳа ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки то моҳи сентябр ба истифода дода шавад. Раиси ноҳия, ин иқдомро амали хайрхоҳона ва инсондӯстона хонда […]
САҲМИ СОҲИБКОРН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар арафаи таҷлили 28 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар кучаву маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Ховалинг шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар корҳои ободонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия фаъолона ширкат варзида бо истифода аз техникаҳои махсус, аз ҷумла эксковатор ва техникаи калони боркаш […]