Маълумотҳои кушода
Набизода Фаррухиддин Амрудин оид ба самти фаъолияти шуъбаи маориф дастур дод
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин бо кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ коллективи кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва асосии ноҳия ҳузур доштанд. Мавзӯи суҳбат, шиносоии роҳбарияти имрӯзаи ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухдиддин […]
Маълумот оид ба раванди амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2021-2025 ба ҳолати 01.01.2024
Маълумот оид ба раванди амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2021-2025 ба ҳолати 01.01.2024 № Номгўи соҳаҳо Ҳамагӣ лоиҳаҳо Ҷамъи маблағ гузорӣ ба лоиҳаҳо лоишаҳои амали- гардида Ҷамъи маблағ–ҳои лоиҳаҳои амали -гардида Лоиҳаҳо иҷро нагардида Лоиҳаҳои дар амал/маблағи онҳо Индикатор (фоиз) Сарчашмаи маблағгузорӣ Б\Ҷ Б\маҳалӣ […]
Осорхонаи Қаҳрамони Халқи тоҷик – Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтор
Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани санаҳои мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, […]
Гулсифат Шарипова аз кумаку дастгириҳои Мақомоти иҷоияи ноҳияи Ховалинг изҳори хурсандӣ намуд
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманд, беморону барҷомондагон ва нафарони имконияти маҳдуддошта имрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг як нафар бемор, маъюби гуруҳи 1-умро аёдат намуданд. Ин нафар Гулсифат Шарипова сокини деҳаи Сари Осёби Ҷамоати деҳоти Ғаффор […]
Мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ( Мавзеъҳои сайёҳии ноҳия)
Мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ. Ин мавзеи таърихию фарҳангӣ яке ҷойҳои хушобу ҳавои диёри зебоманзари Ховалинг ба ҳисоб меравад ва онҳое, ки ҳамасола аз ин гӯшаи диёр дидан мекунанд, ба хотираи нек бармегарданд. Дар бораи ин мавзеъи хушобу ҳаво вабузургвори он бисёриҳо баъди ба ин ҷо омадан нигоштаанд. Ногуфта намонад, ки дар ин гӯшаи хоки Ватан […]
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
ХОВАЛИНГ: Шоми 29-уми соли 2023 бахшида ба Соли нави мелодии 2024 дар майдони марказии ноҳияи Ховалинг, ки арчаи идона афрохта буд, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музафар Бурҳон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони хурду бузургӣ ноҳия иштирок намуданд. Чорабиниро Бобои барфӣ ва барфак […]
ЯРМАРКАИ ИДОНА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
28 декабри соли 2023 бо иқдому дастгирии Вазири Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Соли Нави мелодӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои сокинони ноҳия доир гардид. Дар кушодашавии ярмаркаи маҳсулотҳои ниёзи аввали мардум раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва дигар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат […]
Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд
Дар ноҳияи Ховалинг аз саннаи 11 декабри соли 2023 мусобиқаи Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳо оғоз гардид. Ин бозиҳо дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия бо иштироки 12 даста гузаронида шуда, он то 15-уми декабри соли 2023 идома ёфт. Даври ниҳоии бозӣ байни дастаҳои “Кумитаи Замин” […]
АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия Сайҷалол Исматов як қатор маъюбон, мавриди аёдат қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд аз […]